Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     

     Рӯзи 4-уми феврали соли 2019 нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорон ва хабарнигорони гуногуни вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ баргузор гардид.Дар нишасти матбуотӣ ректори ДДТХ д.и.т.,профессор Убайдулло Қурбон, муовини рестор оид ба  таълим Аҳмадов Ш.Р., муовини ректор оид ба илм ва нашрия Саидов И.З.,муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Усмонова  У.Х., декани факултетҳо Боронов Ҳ., аз ҷониби рӯзноманигорон бошад зиёда 20 нафар намояндагони ахбори умум ширкат намуданд . Сараввал ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон оид ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар соли 2018 ахбор пешниҳод. Сипас, ба саволҳои рӯзноманигорон  оид ба ин ё он паҳлӯи фаъолияти донишгоҳи ҷавобҳои мушаххас доданд. Диққати   намояндагони воситаҳои ахбори умумро асосан ҳамкорҳои донишгоҳ бо  дигар мамолики хориҷӣ, бо хобгоҳ таъмин будани донишҷӯён, аз кадом ноҳияҳои қумҳурӣ таҳсил намудани толибилмон, фаъолияти ҷарроҳӣ, ташхисию табобатии кормандон донишгоҳ, сифати таҳсилот, таъминоти донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ, истифода  аз китобхонаи электронӣ, дараҷаи тахассуснокии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва ғара ба худ ҷалб намуд. Ба ҳамаи  саволҳои аҳли матбуот бо далелҳои муътамад посух дода шуд.

      

     Дар охир ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба ҳамаи  рӯзноманигорон барои иштироки фаъолона ва таваҷҷӯҳи хосаашон нисбат ба бурду бохти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуданд. Баъди анҷоми шишасти матбуотӣ рӯзноманигорон аз сохторҳои гуногуни донишгоҳ, толори китобхонаи электронӣ ва ғ,дидан намудан.

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа