Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      Боз як дастури нави таълимии кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон     бо номи  «Алифбои ҳуҷҷатнигорӣ» аз чоп баромад. Дастур аз ҷониби устодони кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ва мудири кафедра н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х.  ва бо назардошти барномаи таълимии забони тоҷикӣ барои донишгоҳи тиббӣ тартиб дода шудааст. Дастури таълимӣ на фақат барои донишҷӯён, балки умуман барои коргузории муассисаҳои тиббӣ пешбинӣ карда шудааст. Дастур аз ду қисм иборат аст. Дар   фаъолияти рӯзмарраи мо  ҳамеша зарурияти навиштану пешниҳоди ин ё он намуди санаду ҳуҷҷатҳо ба миён меояд. Аз ин сабаб, дар қисми аввали дастури таълим ҳуҷҷатҳои умумӣ ҷой дода шудаанд, ки намудҳои гуногуни ариза, тавсифнома, ваколатнома, забонхат, тарҷумаи ҳол, маълумотнома, даъватнома ва амсоли инҳоро дар бар мегирад. 

       

    Дар қисмати дуюм – «Ҳуҷҷатҳои тиббӣ» тарзи таҳия ва қоидаҳои пур кардани таърихи беморӣ, қисматҳои таърихи беморӣ, анамнез, ташхис, пурсишҳо аз рӯи системаҳои организм оварда шудааст. Ҳамчунин дар дастури амалӣ се замима – «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», «Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ» ва «Таблитсаи ихтисораҳо» мавҷуд аст, ки ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо кӯмаки амалӣ расонида метавонанд.

      Тазаккур бояд дод, ки нигориши санад (ҳуҷҷат) яке аз  самтҳои фаъолияти фарҳангии  ҷомеаи мутамаддин буда, муносибати расмии одамон, корхонаву муассиса, робитаи дипломатии давлатро  ифода менамояд ва таърихи тӯлонӣ дорад . Дар ибтидои пайдоиши ҷамъияти инсонӣ одамон ҳуҷҷатро дар болои пӯсти ҳайвон ё пӯстлохи дарахт сабт менамуданд.

      Тоҷикон аз ҷумлаи мардумони  таърихан  соҳибхат буда,  суннати деринаи ҳуҷҷатнигории онҳоро дигарон эътироф кардаанд. Намунаи санадҳои гуногуни аз даврони бостон меросмонда гувоҳи ин ақида мебошад. Дар баробари инкишофи ҷомеа санаднигорӣ низ тадриҷан ташаккул ёфтааст, зеро ки он яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ба шумор меравад.

      Аз аҳди Сомониён  то имрӯз забони  форсии тоҷикӣ ба сифати забони расмии давлатӣ  адои хидмат  намуда, новобаста ба ҳукмравоии сулолаҳои гуногун, забони коргузории расмӣ - давлатӣ забони форсии тоҷикӣ будааст. Шеваи нигориши санадҳо низ дар тӯли садсолаҳо рехтаву устувор гардидааст.

      Бо қабули Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ коргузорӣ дар кулли идораву корхонаҳо ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, давра ба давра  шеваи нигориши санадҳо тағйир ва такмил меёбад. Олимону мутахассисон роҷеъ ба шеваи нигориши асноди шахсию давлатӣ истифодаи калимаю иборот  ва истилоҳоти мувофиқро пешниҳод намуда,  оид ба санаднигорӣ дастуру тавсиянома омода намуданд, ки дар мавриди ҳуҷҷатнигорӣ ба забони давлатӣ  (тоҷикӣ) марҳалаи навини самти санаднигорӣ  ба шумор меравад. Умед аст, ки ин раванд боиси эҳёи ҳуҷҷатнигории асили  тоҷикӣ мешавад ва имконоти фаровони забони моро дар ин самт нишон медиҳад.

     Дастури таълими мазкур барои донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ, мутахассисони соҳаи тиб ва умуман ҳуҷҷатгузорию расмию коргузории идораву муассисаҳо пешниҳод шудааст.    

Кафедраи забони тоҷикӣ, китобхонаи донишгоҳ