Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

   Бо пешниҳоди Шӯрои илмию методии Донишгоҳ ва дар асоси қарори Шӯрои олимон даври аввали имтиҳонот – санҷиши малакаҳои амалии донишҷӯён аз 2-юм то 5-уми январи соли 2019 аз фанҳои таълими асосҳои бемории дарунӣ ва ҷарроҳии умумӣ барои донишҷӯёни соли сеюми факултети стоматологӣ муқаррар карда шуда буд. Рӯзи 3-юми январ дар утоқи малакаҳои амалии донишгоҳ аз фанни ҷарроҳии умумӣ донишҷӯёни гурӯҳҳои 301 ва 302-и факултети стоматологӣ аз даври якуми имтиҳон гузаштанд. Дар имтиҳон мудири кафедраи ҷарроҳӣ н.и.т. Пиров Б., омӯзгорони кафедраи ҷарроҳӣ  Додоҷонов Ҷ., Халифаев И., муовини декан Камолов А.С. ва сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П.  ширкат намуданд. Саволномаҳо тарзе таҳия карда шуда буданд, ки донишҷӯ бояд ин ё он маҳорату малакаи клиникиро фаҳмонда онро амалан дар асбобу муляжҳо нишон диҳад. Аз рафтору тамкин ва ҳаҷони баъзе аз донишӯён пайхас кардан мумкин буд, ки чунин тарзи қабули имтиҳон мувофиқи мақсад мебошад, чунки табиб на танҳо илми назариявӣ, балки бештар амалӣ мебошад.

   Рӯзи 5-уми январ бошад донишҷӯёни соли сеюми факултети стоматологӣ дар утоқи малакаҳои амалӣ аз фанни таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ даври аввали имтиҳонро супориданд. Маҳорату малакаҳои амалии онҳо дар асоси саволномаҳо аз тарафи мудири кафедраи фанҳои клиникӣ н.и.т. Кузибоева Н.К., н.и.т. Ҳоҷиев М.А., устоди кафедра Одинаев Б. санҷида шуд. Рафти имтиҳон ва тартиби он аз тарафи декани факултетҳо Саидов И.З., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. назорат карда шуд.

 Шуъбаи таълим