Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Рӯзи 7-уми январи соли 2018 тибқи ҷадвали таҳиянамудаи шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имтиҳони нахустин  оғоз гардид. Дар се толори лексионӣ ва толори китобхонаи донишгоҳ донишҷӯёни соли сеюми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ аз фанни микробиология ва донишҷӯёни соли сеюми факултети стоматологӣ бошад аз фани таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ имтиҳон супурданд Саволномаҳои имтиҳонӣ аз саволҳои тестӣ, саволҳои кушода ва саволҳои мувофиқат иборат буданд.

   Низоми имтиҳон дар толорҳо аз тарафи муовини ректор оид ба таълим Ахмедов Ш.Р., сардори шуъбаи таълим Қурбонмамадов С.Х., декани факултетҳо Саидов И.З., муовинони декан Боронов Ҳ., Омонов Э.А., Камолов А.С., мутахассис оид ба назорати сифати  таълим Одинаев С.П.,  дотсент Должикова В.А., сардори Маркази технологияи иттилоотӣ Мардонзода Қ., мудири кафедраи фанҳои клиникӣ КузибоеваН.К., мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика Ситамов С.  назорат карда шуд.  Имтиҳонҳо бо тартиби муқарраргардида ва бо низоми хеле хуб ба роҳ монда шуданд.

Муовинати таълим