Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Рӯзи  03.01. соли 2019  дар толори  фарҳангии донишгоҳ тибқи нақшаи кории деканати факултетҳо ҷаласаи курсии донишҷӯёни курси якуми  факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ баргузор гардид.Дар  ҷаласа ваколатдори декани  факултетҳо  н.и.т. дотсент Саидов И.З., муовинони декан  н.и.т., дотсент Боронов  Ҳ.А.,  Камолов  А.С.,  Омонов  Э.О., сардори гурӯҳи назорати сифати таълим Одинаев С.П.,  мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони кафедраҳои марбут ба курси 1  иштирок доштанд.

  Дар ҷаласа масъалаҳои зерин: натиҷагирии ҷараёни таълим ва давомоти донишҷӯён дар семестри тирамоҳии соли таҳсили 2018-2019, қабули санҷишҳо, тартиби гузаронидан ва баҳодиҳии   сессияи имтиҳонӣ, тартиби гузаронидани аппелятсия  баррасӣ карда шуданд. 

    Ваколатдори декани факултаҳо н.и.т. дотсент Саидов И.З. баромад намуда суханро аз баррасии Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     оѓоз намуд. Таваҷҷуҳи ҳозирин ба нуқтаҳои муҳими дар Паём зикршуда, алалхусус масъалаҳои   таҳсилоти олии касбӣ ва фаъолияти тахассусии тиббӣ   ҷалб карда шуд.  Сипас, нисбати донишҷӯёне, ки бе сабабҳои узрнок  дар давоми семестр зиёда аз 3 дарсшиканӣ кардаанд, эродҳои ҷиддӣ гирифта шуд. Онҳо ба таври фардӣ  барои такрор нагардидани чунин ҳолатҳо огоҳонида шуданд.

   

   Сардори гурӯҳи назорати сифати  таълим дар донишгоҳ Одинаев С.П. дар навбати худ баромад намуда, дар бораи тартиби гузаронидани имтиҳон ва баҳодиҳии сессияи имтиҳонӣ сухан намуданд.

   Сипас, вобаста ба масъалаҳои зикршуда, муовини декани факултетҳо, масъули курси 1 н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. баромад намуда,  донишҷӯёнро ба тарзи гузаронидани сессияи санҷишию  имтиҳонӣ, муқарроти умумӣ, тартиби қабули санҷишҳо, тарзи ҷараёни сессияи имтиҳонӣ, иҷозати ширкат дар сессияи имтиҳонӣ, натиҷагирӣ ва баҳодиҳии сессияи имтиҳонӣ, муҳлати бартараф кардани қарздориҳои академӣ шинос намуд.

   Дар охир донишҷӯён ба саволҳои пешниҳоднамудаашон ҷавоби мушаххас гирифта, ваъда доданд, ки сессияи имтиҳонии дар пеш истодаро  бомуваффақият ҷамъбаст менамоянд.

Деканати факултетҳо.