Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   

    Дар пайи татбиқи барнома ва маромҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон пайваста ҳамкориҳои судманд намуда, дар самти амалӣ намудани сиёсати ҷавонон, ки яке аз самтҳои асосии барномаҳои ҳизб ба шумор меравад, саҳми босазо дорад.    

   

   Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як қатор озмунҳои сатҳи вилоятӣ эълон гардида буд, ки дар онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Қудратова Беназир ва Маҳмадиева Бунафша фаъолона иштирок намуда, аз рӯи шартҳои озмун яке аз беҳтаринҳо эътироф шуданд.

    Даври ҷамъбастии озмуни вилоятӣ таҳти унвони “Маликаи Хатлон” санаи 3.01.соли 2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Қудратова Беназир пирузиро ба даст оварда, соҳиби шоҳҷоизаи “Маликаи Хатлон” гардид.

   Кулли донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон, сохторҳои ҷамъиятӣ ва раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Қудратова Беназирро бо ғолибият табрик намуда, ба ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолии дучанд, хониши аъло ва комёбиҳои беназирро таманно доранд.   

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ