Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    

     Рӯзи 28-уми декабри соли 2018 ҷалсаи охирини Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    дар соли 2018 баргузор гардид. Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои омодагӣ деканату кафедраҳо ба сессияи зимистонаи имтиҳонӣ, корҳои муолиҷавии донишгоҳ дар соли 2018, ҳисоботи бахши хоҷагию маъмурӣ ва ҳисоботи солонаи донишгоҳ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷаласаро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи роҳбарияти донишгоҳ тарбрику таҳният гуфта, ҷидду ҷаҳд ва ғайрати ҳайати профессорону омӯзгоронро дар ҷодаи таълиму тарбияи толибилмон махсус қайд намуданд. Дар баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис сардори Шуъбаи таълим Қурбонмамодв С.Х., мудири кафедраи муолиҷавӣ Кузибоева Н.К., муовини ректор оид ба корҳои хоҷагию маъмурӣ Аҳадаов Ш.Ф., муовини ректор оид ба таълим Аҳмадов Ш.Р. бо маърузаву ахборотҳо баромад намуданд.

   Инчунин масъалаи ба степендияҳои раиси вилояти Хатлон, Ҳизби халқии демократӣ пешниҳод намудани номзадии омӯзгорону донишҷӯён, тайёрии донишгоҳ ба маъракаи ифтитоҳи расмии бинои нави донишгоҳ бо иштироки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ    . Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳои марбути фаъолияти донишгоҳ ҳаллу фасл карда шуданд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа