Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

       Соҳаи маориф, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати самти афзалиятноки сиёсати пешгирифта эътироф шудааст, ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта, ҷиҳати таъмини рушди бемайлони он бо ибтикори Пешвои миллат,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН иқдомоти зиёде ба сомон расидаанд. Яке аз роҳҳои вусъат бахшидани фаъолияти ин бахши муҳими ҷомеа бунёди  мактабҳои замонавӣ дар сартосари кишвар маҳсуб меёбад, зеро ин омил чун такони ҷиддӣ ба тавсеаи самтҳои гуногуни хоҷагии халқ  боис мешавад.  

               Яке аз чунин таълимгоҳҳо муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  мебошад. Дар ҳақиқат, аз соли 2012 то инҷониб муассисаи таълимии номбурда  хонандагони  болаёқатро  тарбия менамояд. Тавре маълум гардид, дар таълимгоҳ  хонандагон бо се  вақт хӯроки гарм таъмин карда шуда, меъёр ва сифати хӯрокаи хонандагон   зери назорати қатъии маъмурияти мактаб қарор дорад. Машғулиятҳои асосӣ дар як баст аз рӯйи ҷадвали дарсӣ гузаронида, дар басти дуюм бошад, дарсҳои иловагӣ аз рӯйи ҷадвали тасдиқшуда, гузаронида мешавад. Оид ба  ҳамаи фанҳои таълимӣ барои ҳар як омӯзгор маҳфилҳо ташкил карда шудааст. Маҳфилҳо ҳар рӯз дар асоси ҷадвал аз соати 1930 то 2030 гузаронида мешаванд. Дар семоҳаи соли ҷорӣ шогирдони мактаб дар озмунҳои вилоятӣ иштирок намуда, шаш нафар соҳиби медали тилло, ҳашт нафар медали нуқра, бисту се нафар соҳиби медали биринҷӣ гардида, як нафар ҷойи ифтихориро ишғол намудааст. Ногуфта намонад, ки алҳол, хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ҳафт ҷойи ифтихорӣ низ ба даст овардаанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки омӯзгорони ин даргоҳ соҳиби дониши баланд мебошанд.  Аз шумораи 90 нафар хатмкунандагони мактаб, 38 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар ва 52 нафар ба макотиби олии кишвар дохил шудаанд.  Заминаи моддӣ - техникиии ин  муассиса дар сатҳи хуб қарор дошта, аз ҷумла, мактаб дорои  23 синфхонаи таълимӣ, 2 кабинети лингафонӣ, 2 кабинети технологияи иттилоотӣ, кабинетҳои математика, физика, химия, биология, география,  китобхона ва толори китобхонӣ мебошад. Дар соли 2015-ум бошад, боз  3 синфхонаи  забону адабиёти тоҷик, 2 синфхонаи математика ва 1 синфхонаи химия кушода шуда,  бо ҷиҳозҳои таълимии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

              Лозим ба қайд аст, ки  соли равон Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро имконият пайдо шуд, ки бо ҳайати омӯзгорони   мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат шинос гарданд. Бо кӯмаку дастгириҳои директори муассисаи таълимии номбурда Абдуллоев Қ., Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тавонист имтиҳоноти нахустини   дохилшавии довталабонро, ки рӯзҳои 02 –юми май ва  07 – уми майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, бомуваффаққият гузаронад.   Боиси тазаккур аст, ки  16 нафар аз хатмкунандагони мактаби мазкур ба ДДТХ ҳуҷҷат супорида, аз ин  12 нафарашон    имтиҳонҳои қабулро бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст намуда, сазовори номи  донишҷӯи ДДТХ шудаанд.  Чунончӣ,  Қаюмов  Сино аз имтиҳони тестӣ  бо гирифтани 161 хол ва Ҷобири Қурбоналӣ 147 хол натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд.  

             Зимнан, маълум менамоем, ки дастпарварони ин мактаб, Ҷ. Қурбоналӣ ва Қаюмов С. иштирокчии фаъоли олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ  дар солҳои 2015 ва 2016 буда, соҳиби медалҳои тилло аз фанҳои физика ва химия мебошанд. 

              Албатта, ба чунин дастовардҳои назаррас ноил шудани мактаби      Президентӣ заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ мебошанд. Аз ин лихоз, Раёсати ДДТХ ба роҳбарият ва муҳасилини мактаби Президентӣ барои кӯмаку  ҳамкориҳояшон ва тайёр намудани хонандагони болаёқат изҳори миннатдорӣ менамояд. Умедворем, ки  натиҷаҳои назаррасӣ  фаъолияти мактаби Президентӣ дар ноҳияи Данғара  дар дигар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ гашта, барои омода намудани довталабони болаёқат барои ДДТХ дар оянда  замина мегузоранд. 

 

    Саидова М. – мутахассиси шуъбаи таҳлил,

    назорат ва робита бо ҷомеа