Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   

     Дар таърихи 29.11.соли 2018 дар ДДТХ ҷаласаи навбатии Шӯрои занон ва духтарон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

     Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа мудири кафедраи фармакология н.и.т. Исоева Б.И. дар мавзӯи “Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуда, зикр намуданд, ки давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон Зан-Модарро ҳамеша қувваи тавонои ободкориҳо медонист ва минбаъд ҳам чунин хоҳад монд.   

   Дотсенти кафедраи Забонҳо Должикова В.А. дар мавзӯи “Пурзӯр намудани фаъолияти дастаҳои варзишии занон ва духтарони донишгоҳ” суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки варзиш гарави саломатӣ ва эҳёгари зебоӣ мебошад.

     Аз рӯи масъалаи сеюм омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ, аспиранти АИ ҶТ Саидова М.Р. баромад намуданд. Боиси зикр аст, ки иштироки занон ва духтарони ДДТХ дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар назаррас аст.

    Баъд аз баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳо аз ҷониби Шӯрои занон ва духтарон қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти занон дар ҷомеаи муосир мусоидат мекунанд.

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ