Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

    Роғун –ободиву  сарсабзии  имрӯзу  фардои  Тоҷикистон, тараққиёти  бесобиқаи  саноату кишоварзӣ ва муҳимтар  аз ҳама,  рӯшноиву гармии шабонарӯзии  ҳар  хонадони  мардуми мо мебошад.

     

    Нерӯгоҳи Роғун бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор  меравад. Бе  нерӯгоҳи  Роғун  рушду тараққиёти босуръат  ва ояндаи пурсаодати давлати   Тоҷикистонро тасаввур  кардан  мушкил аст. Маҳз  ба ҳамин  хотир Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста  таъкид менамоянд: ........ “Роғун ҳаёту мамоти  Тоҷикистон аст”. Роғун обу ҳавову  зиндагониест барои мо ва дарди равшандилон зи торикист, ки равшанияш давои мо асту савти фардои нек аст баҳри мо. Иқтидори давлату кони ганҷу махзани пурсарватест Роғун, ки дар он рӯшанӣ, ободӣ, об, умед ,ғайрату ҳиммат ва нангу номуси халқи азизи мо нуҳуфта аст.

Ҳар деҳа  зи ту шавад чароғон,Роғун,

Ҳар хона зи ту шавад дурахшон,Роғун.

Чун чархи замон зи қудратат чарх занад,

Ризқи ҳамагон шавад фаровон,Роғун

     Таҷдид  ва эҳёи сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун аз ҷумлаи тасмимгириҳои сарнавиштсозе буд, ки Пешвои  миллат бо камоли ҷасорату хирадмандӣ ва бо такя ба ихлосу иродати мардуми Тоҷикистон ба он иқдом  намуданд. Рӯзи файзбори 16-уми ноябри соли 2018, яъне соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои  миллат  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар  маросими  ба кор даровардани агрегати якуми Нерӯгоҳи  барқии обии Роғун ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Рӯзи ба кор шурӯъ намудани аввалин агрегати НОБ-и Роғун дар таърихи мардуми  тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд зеро ки он қодир аст на танҳо Тоҷикистони ташнаи барқ,балки Афғонистону Покистон, Қирғизистону Узбекистон ва кишварҳои дигари ҳамсояро бо барқ таъмин  кунад. Тарҳи Роғун калиди  пешрафти иқтисодӣ ва сиёсии минтақаи  Осиёи  Марказӣ  ва Ҷанубӣ ва мояи ҳаётан муҳими  манфиатҳои  амниятии Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар ҷанги зидди  террор аст.

     Роғун  сарчашмаи  ифтихору  миллии  ҳар як фарзанди  Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост! Вақте кас вориди иншооти зеризаминии  нерӯгоҳи Роғун  мегардад, худро дар як шаҳри  калони воқеъ  дар қалби  кӯҳ тасаввур мекунад, зеро танҳо нақбҳои он 75 км-ро ташкил медиҳад. Роғун-воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии мардум, омили таконбахши  рушди маорифу  тандурустӣ, илму  фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти  муҳими иҷтимоӣ мебошад!

     Бо  бунёд гардидани Нерӯгоҳи барқии обии Роғун  ва дигар  иншооти гидроэнергетикӣ Тоҷикистон ва кулли кишварҳои минтақа манфиати зиёд  хоҳанд дид. Пеш аз ҳама, дар Осиёи  Марказӣ  ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ афзуда,мардумони  як қатор кишварҳои минтақа аз барқи арзон бархӯрдор мегарданд. Ҳарчанд  дар Ҷумҳурии азизи мо Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқии обӣ зиёданд аз қабили: НБО-и Варзоб, НБО-и “Помир -1”, НБО-и “Намадгут”, НБО-и “Тоҷикистон”, НБО-и “Сангтӯда-1”, НБО-и “Сангтӯда-2”,НБО-и “Дӯстии халқҳо”, вале НБО-и Роғун калонтарин НБО-и Тоҷикистон мебошад, ки баъд аз НБО-и Норак дуюмин ва калонтарин дар ҷаҳон мебошад, ки сарбандаш аз сангу шағал сохта шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат, устуворӣ, хидмати барҷаста ба миллати хеш дар арсаи сиёсати бузург ба дараҷаи шахсияте расидааст, ки тамому пешрафту комёбиҳо ва тинҷию рифоҳи беш  аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба номи  ӯ сахт марбут аст. Пас, агар роҳи то ба ин рӯзҳо паймудаи Пешвои миллатро ба чашми хирад бинигарем, он ҳама амалҳои неку созандае, ки ӯро то ба ин мартабаю маъруфият  расонидаанд, равшан хоҳанд шуд.

     Бояд зикр намуд, ки Рӯзи Президентро дар бисёре аз кишварҳои мутамаддин таҷлил мекунанд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Рӯзи Президент мувофиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки аз  14.05.2016 қабул шудааст, ҳамасола рӯзи  16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ҷашн гирифта мешавад.

     Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ва кушодашавии НОБ-и Роғун муборак устодони гиромиқадр, донишҷӯён ва ҳамдиёрони азиз! Васфи ин неругоҳи азими аср дар эҷодиёти шуарои муосири мо мавқеи хосае дорад. Шоир Камол Насрулло барҳақ мефармояд:

Сарвари мо дасти нӯрони чу боло  кард  боз,

Рӯшаниро аз дили Меҳан ҳувайдо кард боз

     Ҳамчунин дар дигар осори назмии адабиёти даҳонии халқ ва адабиёти муосири мо васфи шукуҳи шаҳомати ин неругоҳи тақдирсозро дидан мумкин аст:

    Бархезу биё ба Роғун  ай ҷону  ҷигар,

   Пайванди  вафои одаму об нигар.

  Вахше,ки сарафрохта буд,роҳ гирифт,

 Аз мақдами Пешво ба маҷрои дигар.

              

    Роғун,ту ба парчами Ватан ҳамрангӣ,

              Парвардаи ифтихору ному  нангӣ.

             Аз Шарқ зиёи НОБ-и ту ханда кунад,

            Ҳаққо,ки ба хуршеди фалак ҳамсангӣ

 

                       Донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи 307-уми

факултети тиббии ДДТХ – Волонтёри китобхона      

       Ҳабибова Зуҳал Абдуҷабборовна