Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Дар таърихи 23.11.18с. дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 66-умин Конфронси солонаи илмӣ-амалии донишгоҳӣ бо иштироки олимони ватанӣ ва хориҷии дуру наздик дар  мавзӯи «Нақш ва мавқеи технологияҳои инноватсионӣ дар тибби муосир» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони донишгоҳи мо дар ҳайати муовини ректор оид ба илм ва нашрия, сардори шуъбаи кадрҳо ва сардори Маркази технологияи иттилоотӣ иштирок карданд.

    Инчунин дар қисмати сексионии конференсия дар сексияи «Масъалаҳои умумии ҷарроҳӣ, ҷарроҳиҳои абдоминалӣ, дилу рагҳо ва пластикӣ, акушерӣ ва гинекологӣ» Холов Ш.И. дар мавзӯи « Амалиёти хордэктомия ҳангоми табобати шаклҳои дисталии гипоспадия» ва Мардонзода Қ.М. дар сексияи «Нейрохирургия, травматология ва урология» дар мавзӯи «Бартарафсозии ҷилави кӯтоҳи узви таносул (френулопластика)» бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

    Бояд қайд кард, ки дар маводи конференсия 8 мақолаҳои илмии кормандони донишгоҳ нашр шудаанд.

Муовини илм ва нашрия