Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Рӯзи 18-уми сентябри соли 2018 дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ДДТХ баргузор гардид. Дар рӯзномаи ҷаласаи масъалаҳои гуногуни марбути масъалаҳои ташкилии донишгоҳ баррасӣ карда шуданд.

    

   Дар оғоз ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуданд, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон масъалаҳои зерин ба муҳокимаи аъзоёни Шуро пешниҳод карда шуданд. Сараввал масъалаҳои ташкилии донишгоҳ, аз ҷумла муаррифии ба вазифа таъин намудани кадрҳои нав дида баромада шуд. Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои ректори ДДТХ кормандони зерин ба вазийфаҳо таъин карда шуданд: Ахмедов Ш.Р. – муовини ректори ДДТХ оид ба таълим, Саидов И.З. – муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва нашрия, Усмонова У.Х. – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва фарҳанг, Омонов Э.А. – муовини декани факултетҳо оид ба корҳои тарбиявӣ, Шарипова Ҳ. – раиси Шурои занони ДДТХ, Камолов Д.Ғ. – раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандону донишҷӯён. Ҳамзамон як зумра донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ, ки ба гирифтани стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2018-2019 мушарраф гардидаанд, муаррифӣ карда шуданд. Сипас аз номи раёсати донишгоҳ сармутахассис оид ба назорати сифати таълим, саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ба муносибати ҷашни камолоташ табрик карда шуд.

      Аз рӯи масъалаи навбатӣ – дар бораи кафедраи забонҳо дар соли таҳсили 2017-2018, нақша ва дурнамои фаъолияти кафедра аз тарафи мудири кафедраи забонҳо дотсент Қурбонмамадов С.Х маълумот дода шуд. Аз рӯи масъалаи дигар – ахбори декани факултетҳо Саидов И.З. оид ба вазъи таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ дар соли таҳсили 2018 -2019 шунида шуд.

   

    Ҳамчунин масъалаҳои гуногун – дар бораи тағйиру иловаҳо ба ҳайати Шӯрои олимон, дар бораи аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон гузаронидани гурӯҳе аз донишҷӯён, дар бораи ташкил намудани обуна ба матбуоти даврӣ, дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи кафедраҳои ҷарроҳӣ, фармакология ва микробиология, дар бораи тасдиқ намудани кафедраи фанҳои муолиҷавии ДДТХ вобаста ба номгузорӣ баррасӣ карда шуданд. Масъалаи дигар – нақшаи ситоди донишгоҳ оид ба қабули бинои нави донишгоҳ ва пазироии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд

Одинаев С.П. – сармутахассис оид ба назорати сифтаи таълим