Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

       

      Рӯзи 21-уми сентябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи ғайринавбатии раёсат бо иштироки мудирони кафедраҳои донишгоҳ баргузор гардид. Ҷаласаро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки дар ҷаласа аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Раҷабзода Салоҳиддин Раҷаб иштирок доранд ва бо камоли эҳтиром суханро ба намояндаи Вазорат доданд. Раҷабзода С.Р. қайд намуданд, ки ҳадафи асосии ҷаласа тағйироти кадрӣ дар донишгоҳ мебошад. Бо пешниҳоди ректори ДДТХ дар асоси фармоиши вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини ректор оид ба таълим - Аҳмадов Ш. Р, муовини ректор   оид ба илм ва нашрия - Саидов И.З. ва ба вазифаи муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг - Усмонова У.Х. таъйин гардиданд.

      Раҷабзода С.Р. ҳамаи кормандони ба вазифаи масъули донишгоҳ таъиншударо аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ҳамзамон намуданд, ки бо таъин намудани шахсони мазкур боварӣ ҳаст, ки корҳои таълим, илм ва тарбия дар донишгоҳ бо низоми нав ҷараён меёбанд.

     Дар охир ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон барои дастгирию пешбурди донишгоҳи навтаъсиси тиббии Хатлон, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ соли сеюм, инҷониб  фаъолият намуда истодааст, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи миннатдории раёсат, кормандони донишгоҳро иброз намудан. Таъкид гардид, ки тағйироти кадрии мазкур, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро дастгирӣ намудаанд, дар фаъолияти минбаъдаи донишгоҳ нақши бузурги худро хоҳад гузошт.

Одинаев С.П. – сармутахассис оид ба назорати сифати таълим.