Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

            Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар якҷоягӣ бо ҷамъи устодону кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мотам   доранд. Марги нобаҳангом яке аз устодони варзидаи чанд насли табибони мамлакат, табиби номӣ, олими соҳибном ва омӯзгори мушфиқ, д.и.т., профессор Қаҳҳоров Абдурауфро рӯзи 24–уми сентябри соли 2018 бехабар аз байни мо рабуд.

               ҚАҲҲОРОВ Абдурауф Носирович -   22 -юми сентябри соли 1933 дар ш. Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст. Ӯ соли 1958 ДДТТ- ро хатм карда, аз ҳамон сол ҳамчун ассистенти кафедраи анатомияи муқаррарии ДДТТ ба фаъолияти меҳнати шуруъ намуда ва баъдан идомаи таҳсилашро дар риштаи илм то соли 1963 ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи якуми тиббии Масква ба номи И. Сеченов идома додаст.

            Лозим ба қайди хос аст, ки Қаҳҳоров А.Н. фаъолияти меҳнатии худро то охири умр бо корҳои таълиму тарбия, корҳои илмиву муолиҷавӣ ва ба корҳои ташкилотии соҳаи тандурустии кишвар бахшида, то ба дараҷаи доктори илмҳои тиб ва соҳиби унвонҳои профессор ва академик гардидааст. Мавсуф муаллифи таълифоти зиёди илмӣ буда, дар соҳаи илми ҷарроҳӣ чандин монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва соҳиби ихтироотҳои зиёд мебошад.

             Хизматҳои шоистаи Қаҳҳоров А.Н. аз ҷониби Ҳукумату давлат ва дигар муассиҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ қадрдонӣ карда шудааст.

             Бо ифтихор метавон гуфт, ки Қаҳҳоров А.Н. дар давоми умри пурсамари хеш, рисолати инсонии худро дар назди халқу Ватан бо сарбаландӣ иҷро намуда, бо амалҳои неку хирадпешагӣ ва дуои хайри ҳазорҳо нафар ниёзмандоне, ки аз дасташ накӯӣ дидаанд, манзили охирати хешро пурнур гардонидааст.

                Ҷои Абдурауф Носирович дар қалбҳои мо ҳамкасбону шогирдонаш холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неку беғубори ин шахси саропо хираду фазилат дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

           Рӯҳат шод ва манзилат обод бод, Абдурауф Носировичи азиз!

.                                                                                  Раёсати ДДТХ