Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Тибқи анъана рӯзи 4-уми сентябри соли 2018 дар толори фарҳангии донишгоҳ вохӯрии ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бо донишҷӯёни соли аввал баргузор гардид.

    Сароғоз ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон донишҷӯёни ба тозагӣ ба донишгоҳ шомилшударо аз номи раёсат ва Шӯрои олимони донишгоҳ ба муносибати сазовор шудан ба номи баланди донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо барои фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш муваффақиятҳо орзу намуд.

    Қайд карда шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соли сеюм боз фаъолият намуда истодааст ва теъдоди донишҷӯёни он дар айни замон беш аз ҳазор нафар расидааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ба 90 нафар расида, аз ин теъдод 20 нафар дорои дараҷаҳои илмӣ мебошанд. Дар донишгоҳ 3 факултет, 4 шуъба, 1 Маркази технологияҳои иттилоотӣ, 8 кафедра, 1 китобхона ва 3 ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият намуда истодаанд. Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ бошад зиёда аз 16 ҳазор нусха адабиёти таълимӣ, илмӣ ва бадеӣ иборат мебошад.

    Сипас, ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон донишҷӯёни соли аввалро бо қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳи шинос намуданд. Махсусан таъкид карда шуд, ки барои донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ бояд риояи ахлоқу одоби ҳамида, яъне ба истилоҳ деонтологияи тиббӣ, эҳсоси баланди илмомӯзӣ, самимона дӯст доштани касби интихобкардаи худ, барои расидан ба қуллаҳои душворгузари мақсуд ҳамеша саъю кушиш намудан хос бошад. Дар охир, ректори донишгоҳ бо камоли боварӣ ибрози назар намуданд, ки ояндаи неки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ободу пешрафта ва демократӣ, ки мояи ифтихори ҳар як фарди ҷомеа мебошад, дар дасти шумо ҷавонон мебошад. Дӯст доштану ҳифз намудани ин сарзамин, ободу зебо гардондани ин ватани воқеан биҳиштосоро ҳар як фарзанди ин кишвар бояд вазифаи муқаддаси худ шуморад.

   Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба корҳои хоҷагиву маъмурӣ Аҳадов Ш.Ф., сардори Шуъбаи таълим Усмонов У.Х., декани факултетҳо Саидов И.З., сардори Шуъбаи кадрҳо Холов Ш.И., сардори Маркази технологияҳои иттилооти Мардонзода Қ.М., муовинони декани факултетҳо Камолов А.С., Омонов Э.О., мудири кафедраи забонҳо Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи ҷомеашиносӣ Гулов А.А., мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Чориев С.А., мудири кафедраи физикаи биологӣ ва информатика Ситамов С., мудири кафедраи морфология ва физиологияи одам Зарифов И.А. иштирок доштанд.

Одинаев С.П. – сармутахассис оид ба назорати сифати таълим,

                           саромӯзгори кафедраи забонҳо