Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

Раёсати  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  дар якҷоягӣ бо ҷамъи устодону кормандони ДДТТ  ба номи Абӯалӣ ибни Сино имрӯз мотам   доранд. Марги нобаҳангом  яке аз устодони варзидаи чанд насли табибони мамлакат, табиби номӣ, олими соҳибном, ташкилотчӣ ва сиёсатмадор ва омӯзгори мушфиқ, д.и.т., профессор РОФИЕВ Ҳамдам Қутфиддинович рӯзи  10–уми августи  соли 2018 бехабар аз байни мо рабуд.

Рофиев Ҳамдам Қутфиддинович 12 - уми  феврали  соли 1938 дар ш. Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст. ӯ соли 1961 ДДТТ- ро хатм карда,  аз ҳамон ҳамчун ходими хурди илмии Институти эпидемиология ва гигиенаи Душанбе ба фаъолияти меҳнатии илмию эҷодӣ намудааст.  Соли  1967 ба ҳайси дотсенти кафедраи бемориҳои сироятӣ ва баъдан   роҳбарии кафедраи Эпидемиологияи ДДТТ –ро ба уҳда дошт. Давоми солҳои 1970 – 1973 ба ҳайси сардухтури стандарти давлатӣ ва солҳои 1973 – 1978 дар вазифаи сарсанэпидемиологи вилояти Суғд адои вазифа намудааст. Солҳои  1978 – 1993 фаъолияти меҳнатиашро дар вилояти Суғд идома дода, давоми 3 соли минбаъда дар  вазифви муовини раиси Ҳукумати вилояти Суғд ва баъдан дар солҳои 1996 то соли  2000 ба ҳайси ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, давоми  солҳои 2000 – 2003 ҷонишини вазири тандурустии ҶТ ва  аз соли 2003 то соли 2018 дар вазифаи мудири кафедраи эпидемиология ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намудааст.

 

            Зимнан, Рофиев Ҳ.Қ. фаъолияти меҳнатии худро то охири умр бо корҳои таълиму тарбия, корҳои илмиву муолиҷавӣ ва ба корҳои ташкилотии соҳаи тандурустии кишвар бахшида, то ба дараҷаи  доктори илмҳои тиб ва соҳиби унвони профессор гардидааст.  Мавсуф муаллифи  таълифоти зиёд  илмӣ буда, дар соҳаи илми эпидемология ва беҳдош чандин  монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ  ва соҳиби  якчанд ихтироот ва пешниҳодоти навоварона мебошад.

             Хизматҳои  шоистаи Рофиев Ҳ.Қ. аз ҷониби ҳукумату давлат ва дигар муассиҳаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ   қадрдонӣ карда шудааст.

               Бо боварӣ ва ифтихори баланд метавон гуфт, ки Рофиев Ҳ.Қ.. дар давоми умри пурсамари хеш, рисолати инсонии худро дар назди халқу Ватан бо  сарбаландӣ иҷро намуда, бо амалҳои неку хирадпешагӣ ва дуои хайри ҳазорҳо нафар ниёзмандоне, ки аз дасташ накӯӣ дидаанд,  манзили охирати хешро пурнур гардонидааст. 

                Ҷои Ҳамдам Қутфиддинович  дар қалбҳои мо ҳамкасбонаш холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неку беғубори ин шахси саропо хираду фазилат  дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

            Равонат  шод ва манзилат обод бод, Ҳамдам Қутфиддинович  азиз! 

Намурд он касе, ки к-аз ҷаҳон ном бурд

Ки марди накӯном ҳаргиз намурд

 

 

Раёсати ДДТХ