Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Санаи 30- юми июли соли равон дар асоси  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15  сентябри соли 2011, таҳти  №АП – 1729 ҷиҳати баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони ВАО, Раёсати Донишгоҳаи давлатии тиббии Хатлон нишасти матбуотиро доир намуд.

    Дар нишасти матбуотӣ 24 нафар намояндагони ВАО аз вилояти Хатлон ва намояндагони дигар расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. 

    Сараввал  аз ҷониби, муовини ректори донишгоҳ нисбат ба ҳамаи самтҳои фаъолият, дастовардҳои назаррас, мушкилиҳои    ҷойдошта ва ҳамзамон доир ба корҳои анҷомёфта дар давоми шаш моҳи соли 2018 маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

    Сипас, аз тарафи рӯзноманигорон оид ба  шароитҳои таълиму тарбия,  ҳолати  маишии донишҷӯёну омӯзгорон, теъдоди қабули донишҷӯён дар соли 2018, норасоии мутахассисон дар самтҳои гуногуни соҳа, сатҳи касбияти ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, корҳои сохтмонии иншоотҳои ДДТХ, дар бораи фаъолияти  муолиҷавии ҳайати профессорону омӯзгорон дар шароити беморхонаҳо, оид ба заминаи моддӣ –техникии донишгоҳ,  инчунин  оид ба дастовардҳо ва тадбирҳои ҳавасмандкунии  омӯзгорони ҷавон ва ғайра  саволҳо  пешниҳод  шуданд.

    Ба саволҳои намояндагони ВАО   аз ҷониби  раисикунанда   ва ҳайати раёсати ДДТХ  ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

 

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа