Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,

Шамъ чун хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.

 

Раёсати  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  дар якҷоягӣ бо ҷамъи устодону кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имрӯз мотам доранд. Марги нобаҳангом  яке аз устодони варзида, табиби номӣ, олими маъруф, омӯзгори мушфиқ, д.и.т., профессор Раҳмонов Раҳматулло Азизовичро субҳи 11-уми июл бехабар аз байни мо рабуд.  

  Раҳмонов Раҳматулло Азизович 28 –уми марти соли 1963 дар шаҳри Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли  1987 факултаи табобатии Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли  1987 дар шуъбаи бемориҳои асаби  Беморхонаи Ҷумҳуривии клиники №3 ҳамчундухтур-интернат кор кардааст. Аз соли 1988 то соли 1993 ҳамчун духтури бемориҳои асаб дар беморхонаи Вилоятии шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон муаллими колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Дар соли 1990 ба шаҳри Томск ба Донишкадаи илмиву-тадқиқотии ирсии Академияи илмҳои тибби Русия ҳамчун унвонҷӯй дохил шуда, соҳиби унвони номзади илмҳои тиб дар риштаи асабшиносӣ ва баъдан бо талоши дарёфти зинаҳои баланди илмӣ ба гирифтани унвонҳои доктори илмҳои тиб ва професор шарафёб шуд. Аз соли 2007 то инҷониб шодравон Раҳмонов Раҳматулло Азизович сарварии кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба дӯш дошт.

Дар давоми умри сипаригашта марҳум Раҳматулло Азизович худро ҳамчун мутахассиси кордону пуртаҷриба нишон дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кориаш кӯшиши фаровон намуда буд. Ин буд, ки шодравон бо унвонҳои «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.

                Бо боварӣ ва ифтихори баланд метавон гуфт, ки Раҳмонов Р.А. дар давоми умри кӯтоҳ вале пурсамари хеш, рисолати инсонии худро дар назди халқу Ватан бо  сарбаландӣ иҷро намуда, бо амалҳои неку хирадпешагӣ ва дуои хайри ҳазорҳо нафар ниёзмандоне, ки аз дасташ накӯӣ дидаанд,  манзили охирати хешро пурнур гардонидааст. 

                Ҷои Раҳматулло Азизович дар қалбҳои мо ҳамкасбону шогирдонаш холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неки ӯ дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

Руҳат шод ва манзили охиратат обод бод, Раҳматулло Азизовичи азиз!

 

Бо эҳтиром, Раёсат ва ташкилотҳои ҷамъиятии ДДТХ