Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Рӯзҳои 22-23 июни соли 2014 дар пойтахти вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар олимпиада аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    10 нафар донишҷӯён аз фанҳои зерин ширкат варзиданд: Комилова Бибисоро (донишҷӯйи соли дуюми факултети тиббӣ) – аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, Ҳамроев Муҳаммадзамон (донишҷӯйи соли дуюми факултети тиббӣ) – аз фанни забони англисӣ), Абдуллоев Баҳруллохуҷа  (донишҷӯйи соли якуми факултети педиатрӣ)– аз фанни забони русӣ, Абдиназаров Сарвар  (донишҷӯйи соли якуми факултети тиббӣ) – аз фанни технологияи иттилоотӣ, Шарифов Мубориз (донишҷӯйи соли дуюми факултети тиббӣ) – аз таърихи халқи тоҷик, Юнусов Абдулоҷон (донишҷӯйи соли якуми  факултети стоматологӣ) – аз фанни математика, Ҷобири Қурбоналӣ (донишҷӯйи соли дуюми факултети тиббӣ) – аз фанни физика,  Тоатов Шаҳром (донишҷӯйи соли дуюми факултети стоматологӣ) – аз фанни химия, Авлиёзода Аҳмадҷон  (донишҷӯйи соли дуюми факултети тиббӣ) – аз фанни биология-экология ва Муҳаммади Саидмустафо  (донишҷӯйи соли дуюми факултети тиббӣ) – аз фанни фалсафа. Донишҷӯёнро дар олимпиада муовини ректор оид  ба таълиму тарбия дотсент Ғафуров Б.Ҳ., мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи ҷомеашиносӣ дотсент Гулов А.А., мудири кафедраи хамия ва билогияи тиббӣ Чориев С.А., мудири кафедраи физика дотсент Ситамов С., омӯзгори фанни забони русӣ дотсент Должикова В.А., омӯзгори фанни англисӣ Маҳмадалиева С.А. ҳамроҳӣ намуданд.

     Боиси ифтихору сарбаландист, ки се нафар донишҷӯёнӣ мо ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд: Комилова Бибисоро – сазовори ҷойи дуюм аз фанни забону адабиёти тоҷик, Ҷобири Қурбоналӣ – сазовори ҷойи сеюм аз фанни физика ва Авлиёзода Аҳмадҷон – сазовори ҷойи ифтихорӣ аз фанни биология-экология гардиданд. Албатта, чунин натиҷагирӣ барои як донишгоҳи навтаъсиси тиббии вилояти Хатлон чандон бад нест. Вале маъмурияти донишгоҳ бар онанд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    дар қатори дигар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мавқеи сазовори худро ишғол намояд. Аз ин сабаб,  баланд бардоштани сифати таълим, ба талаботҳои муосир мувофиқ гардондани дониши толибилмон ва минбаъд дар озмуни олимпиадҳои чӣ ҷумҳуриявӣ ва чӣ байналхалқӣ иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён гардидани донишҷӯёни ин таълимгоҳ яке аз масъалаҳои ҷиддӣ мебошад ва ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад.

  

Ғафуров Б.Ҳ. – муовини ректор оид ба таълиму тарбия

Қурбонмамадов С.Х. – мудири кафедраи забонҳо

Одинаев С.П. – сармутахассис оид ба назорати сифати таълим