Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   

      Дар доираи нақшаи Клуби сайёҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон сафари навбатии омӯзгорону донишҷӯён ба яке аз ҷойҳоми зебоманзару афсонавии вилояти Хатлон – Чилдухтарон баргузор гардид.

      Дар ин сафар раиси Клуби сайёҳии донишгоҳ Аҳадов Ш.Ф., мудири кафедраи фанҳои клиникӣ Қузибаева Н.К., мудири кафедраи забонҳо Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи информатика ва физикаи тиббӣ Ситамов С., саромӯзгори кафедраи забонҳо Должикова В.А., омӯзгори кафедраи морфология ва физиологияи одам Худойбердиев А., даҳ нафар донишҷӯёни соли дуюм ва панҷ нафар донишҷӯёни соли аввал ва ман – саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ширкат намудем.

 

     Дар роҳи сафар сараввал аз қалъаи машҳури таърихӣ –Ҳулбук, оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан  намудем. Ҳангоме ки ба ноҳияи Муъминобод ворид гардидем, дар сари роҳ Чашмаи Ният ном мавзее будааст, ки бо оби мусаффо ва шифобахши худ диққати мусофиронро ба худ ҷалб менамояд ва ҳар касе ки аз ин мавзеъ гузар мекунад, ҳатман аз оби ин чашмаи машҳур нуши ҷон менамояд.

     Баъди  ба маркази ноҳияи Муъминобод расидан роҳи мо ба сӯи манзили мақсуд – деҳаи Чилдухтарон идома меёфт. Гарчанде роҳ то ин деҳа чандон ҳамвору асфалтпӯш набошад ҳам, аз шавқу шӯри баланди дидани ин мавзеи биҳиштосо лаҳзае моро на бардору зани нақлиёт монда мекарду на номуосиди роҳ. Қарибии бегоҳ ба деҳаи Чилдухтарон расидем ва дар хонаи яке аз сокинони ин деҳа меҳмон шудем ва бори дигар ба ҳиммату дасту дили кушоди мардуми одии куҳистон қоил шудем.

     Баъди каме баромадани куфти ба сӯи Чилдухтарон ба нақлиёти барои ин роҳ мувофиқи соҳибони хона роҳ пеш гирифтем. Ҳамаи мо ба ин мошини боркаш савор шудему аз манзараҳои дилфиреби кишвари маҳбубамон чашми ҳайрату ифтихормандӣ медӯхтем. Рости гап, баъди тамошои филми машҳури Борис Кимёгаров аз рӯи “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ солиёни дарозу орзуи дидани ин мавзеи афсонавиро доштам ва бовариам намоемад, ки ниҳоят он ҷомаи амал мепушад. Куҳои сар ба фалак кашидаи Чилдухтарон, манзараи аз филми “Рустам ва Суҳроб” барои мо шинос дар дилу кас ҳисси аҷиби суруру шодмониро бедор менамуд. Ин куҳҳо гӯё маҷассамаи инсонҳое ҳастанд, ки сирру асрори хосаеро дар худ ниҳон доранд. Барои тамошобин онҳо муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварӣ ва ҳуббулватанро гӯшаи имон донистан мебошанд. Оид ба кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоӣ нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Таърихнигорон барои мо ривояти аҷибу ҳикматомезеро боқӣ гузоштаанд. Душмани ғаддоре ки ба ин русто ба мақсади ғорату асиргирӣ ҳуҷум карда буданд, ба ҳамлаи шадиди мардуми ба ору номус дучор гардиданд. Барои ҳимояи марзу буми хеш тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқоиву паричеҳра ва товусхироми ин ин сарзамин бархестанд. Вале ба қувваи садчанди аду муқовимат кардан ғайриимкон буд ва мардуми зиёде пиру барно аз дасти ин ҷаллодони одамсурат ба қатл расиданд. Духтарони покдоман ба фишори шадиди душмани хунхор тоб наоварда ба сӯи кӯҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани онҳо буд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дастаи ин галаи гургони хунхоршаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, рӯ ба даргоҳи Худо оварда, аз ин девсиратон наҷот додани худро талаб мекунанд. Бо амри Худованди мутаол ҳар яке аз аз онҳо дар ҷои исташон ба санг табдил меёбанд.  Солиёни зиёде ин кӯҳҳо рамзи покдоманию озодагӣ, втанпарварию хештаншиносӣ дар қиём истодаанд.

      Чи ривояти ибратомӯзе... Вақте ки ин қиссаро ба донишҷӯён нақл мекардам, дар чеҳраи онҳо ҳиссиёти омехтаеро пайхас мекардам, ки ифтихормандӣ аз ин олиҳаҳои покдоман, дарси меҳанпарастӣ ва шукргузорӣ аз ватани маҳбубамонро ифдода  мекард.

 

       Рӯзи дигар аз мавзеъҳои гуногуни ин ноҳия аз ҷумла чашмаи Марво ва Савро, оромгоҳи машҳури шоҳи Хомӯш дидан намудем.

 

 

Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳои ДДТХ