Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

      Имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    авҷи ҷушу хуруши донишандӯзии донишҷӯён мебошад. Дар ҳар кунҷу канори донишгоҳ, дар саҳни он, дар синфхонаҳо ҳамеша чеҳраи пурташвишу парешонҳолонаи донишҷӯёнро дидан мумкин аст. Ин ҳолати табиист ва ҳамаи мо дар айёми донишҷӯӣ чунин ташвишҳои пурсабронаро ҳангоми супоридани санҷишу имтиҳонҳо паси сар кардаем.

     Рӯзҳои 4,5 ва 6-уми июни соли 2018 донишҷӯёни соли аввал аз фанҳои анатомияи одам, информатика ва  забони лотинӣ санҷиши дифференсиалӣ супориданд. Санҷишҳо дар се толори лексионии донишгоҳ, ки бо камераҳои махсус ҷиҳозонида шудаанд, баргузор гардиданд. Ҳамаи донишҷӯён бо тайёрии хуб ва донишҳои чуқуру заминавӣ ва дарки баланди масъулиятшиносӣ  ба санҷиш ҳозир шуданд.

    Ҳар як саволномаи санҷишӣ иборат аз 5 саволе дар шакли тестҳо иборат  буданд. Дар ҳолати аз нисф зиёдтар будани ҷавобҳои дурусти донишҷӯён санҷиши дифференсииалии онҳо қабул карда мешавад.

      Пеш аз ҳама, низоми хуби қабули ин гуна санҷишҳоро қайд кардан лозим аст.

 Шуъбаи таълим