Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      Ваҳдату иттиҳод барои ҳар як миллат беҳтарин неъмат маҳсуб мешавад ва устувории давлатдорӣ низ вобастаи ин арзиши сарнавиштсоз аст.        Бояд ёдовар шуд, ки таъмини сулҳу субот ва пойдории он дар кишвар идомаи мантиқии сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон аст.

      Баргардонидани гурезаҳои иҷбории Тоҷикистон ба Ватан, таъмини сулҳу салоҳ ва оромӣ дар кишвар, тарҳрезии падидаҳои сиёсию ташаккули низоми ҳуқуқӣ, ташкили қӯшуну мақомоти муосири ҳифзи ҳуқуқ, устувории сарҳаду амнияти давлат, бунёди роҳҳои пайвандгари минтақаҳои кишвар, дастгирии илму фарҳанги миллӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворию баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои азими барқӣ, қабули қонунҳои миллии марбут ба манофеи давлатӣ аз корнамоиҳои шоистаи таърихию сиёсист, ки дар саргаҳи  тарҳрезӣ ва таъмину иҷрои он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст.  

    Аз саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон мо хуб дар ёд дорем, ки дар бунёд кардану азми ватандорӣ ба Пешвои муаззами миллат монеаҳои зиёде пеш омаданд, аммо руҳи шикастнопазираш хастагиро напазируфт. Тамоми ҳадафҳои неку созандааш ба хотири истиқлолу рушди Тоҷикистони азиз зина ба зина амалӣ гардиданд. Икдомҳои ташаббускоронаи ватансозиаш тафаккури миллиро дар шуури ҷомеа бедор кард, ки ин бедорӣ моро ба шоҳроҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳидоят намуд.

     Воқеан, ӯ хуб дарк мекард, ки бунёди қасрҳову иншоотҳои стратегӣ ва нақбҳову роҳҳо бе устувории тафаккури миллӣ бақо надоранд. Аз ин ру, рисолати таърихиашро дар назди ватану миллат ба ҷо оварда, миллаташро соҳибватан кард ва бо итминону боварӣ дар арсаи сиёсат қадам гузошт. Ӯ пайваста дар суханрониҳояш ғурури миллии ниёгонро ба аҳли ҷомеа талқин намуда, дар баррасиву муҳокимаҳои мавзуъҳои дорои хусусияти глобалӣ манфиатҳои Тоҷикистони азизро ҳифзу ҳимоят менамояд.  

     Агар мо ба таърихи пурғановату қадимаи худ бо дидаю назари хирадмандона нигоҳ кунем, Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи мӯҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор сохта, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошт.  

      Пешвои тоҷикон бо шердилию ҷасорати худ пурарзишии ин  ваҳдатро ба оламиён нишон дод. Ҳарчанд душманони берунаи кишвар  намехостанд, дар Ҷумҳурии мо Сулҳ, Ваҳдати миллӣ пойдор бошад, бо кӯшишу ғайрати пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон, бо  сарварии Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд тамоми тоҷиконро муттаҳид  сохта, гурезагоне, ки  зиёда аз як миллион буданд, ба Ватан баргардонанд.Танҳо ҳамин дастовордҳои Ҷаноби Олӣ шоҳид аст, ки ба ӯ ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром гузошта, мақоми ӯро ба мисли «Пешвои ваҳдати миллӣ»  ба ҷо орем. Пешвои Ваҳдати миллии тоҷикон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ барои миллати тоҷик ва давлатдории навини мо хизматҳои арзанда кардааст. Хизматҳое, ки ӯ дар ҳаққи миллати бостонию тамаддунофари тоҷик дар замони нав анҷом додааст, бешубҳа, ӯро дар қатори сиёсатмадорони бузурги ҷаҳонӣ ворид менамояд.

      Маҳз бо саъю кӯшиш  ва талошҳои  пайвастаи роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи оштии миллӣ созмон дода шуд, ки   ба он намояндагони ҳукумат ва иттиҳоди мухолифини тоҷик шомил шуда, масъалаҳои  мубрамро давра ба давра баррасӣ  ва ҳал намуданд. Таҷриба ва амалияи ба даст овардаи сулҳи миёни тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Зеро амсоли хуби ҳалли фасли низоъҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи тоҷикон дар ин ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион  гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали  Мутаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда,  ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид.      

         Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.  Пешвои миллат нисбати ин неъмати бебаҳо ибрози назар карда, аз ҷумла чунин таъкид менамоянд: “Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Точикистон мебошад ва маҳз, ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро ба мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем ”.

    Дар солҳои пойдории ваҳдат ҷумҳурии азизамон  низ ба маротиб пеш рафт, тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоию фарҳангӣ беҳтар гардиданд. Даҳҳо иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун сохта маврид истифода қарор дода шуданд. Зиндагии мардум тадриҷан баланд гардид. Истифодаи самарноки обу замин ва аз як замин гирифтани ду ва ё зиёда  ҳосил аз он имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ пурра татбиқ карда мешавад, ки ин пешравиҳо самараи ваҳдат аст.

       Дар ҳақиқат ҳам халқ талошу ҷонбозиҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, Сарвари давлат, Президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллат, ба Ватан бозгардонидани фирориён, ободсозии вайронаҳои ҷанг, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, хизматҳои шоиста ва кӯшишҳояшро барои ободии Ватани азизамон ба назар гирифта ин тахту тоҷро барояш  арзанда шуморид. 

Санаи 27 июни соли 1997 баробари ба  имзо расидани  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, байни роҳбарони давлати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифини собиқи тоҷик  ҷонибҳо ба якдигар оғӯши меҳр боз карда, сӯйи ҳам дасти дӯстию бародарӣ дароз карданд, дилҳоро аз кинаю кудурат холӣ намуда, дар канори ҳам қарор гирифтанд. Ин рӯйдоди бузурги таърихӣ дилҳоро аз фараҳ лабрез намуда, аз дидаҳои тоҷикон ашки шодиро ҷорӣ кард. Дар қалби онҳо шуълаи умедро ба ояндаи нек равшан намуд. Оқибат он рӯзҳои наҳсу чун абри тори миллати мо ба поён расид. Субҳи сафед, субҳи умед дамид.

        Дар он вазъият Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо нотинҷ, балки дар арафаи порашавӣ қарор дошт. Ба ифодаи дигар, Тоҷикистон ба ашки нӯги мижгон шабоҳат дошт. Беҳокимиятӣ ҳукмрон буд. Гуруҳҳои гуногуни яроқнок  бо ақидаҳои мухталифи худ дар ҳар як минтақа ба  қатлу ғорат, талаю тороҷ ва  ҳукмронӣ машғул буда, бо ибораи халқӣ худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобиданд. Ва ҳамин бархӯрди ақидаҳо намегузошт, ки ҷумҳуриро аз гирдоби бало бароварда, дар мамлакат тинҷию оромӣ  барқарор гардад. Ҳатто қувваҳое пайдо шуданд, ки Тоҷикистонро қисмат кардан мехостанд. Пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷанубу шарқӣ макони нооромию даргириҳо буд.    

      Фаромӯш намешавад шоҳбайти Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Ашӯр Сафар, ки он рӯзҳои тираву ҳузноварро пеши рӯ оварда гуфта буданд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад.  

        Мардуми бегуноҳи ҷумҳурӣ бо қатъият талаб мекарданд, ки ин вазъияти тоқатфарсо зудтар барҳам дода шавад. Дар чунин шароити муракаб, ки сухан дар бораи будан ё аз байн рафтани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли  Тоҷикистон мерафт, даъват намудани Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) ва аз вартаи буҳрони сиёсӣ баровардани мамлакат вазифаи аввалиндараҷа гардид. Азбаски вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) ягона минтақаи тинҷу ороми ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт, қарор дода шуд, ки иҷлосияи навбатӣ дар он ҷо гузаронида шавад. Дар чунин вазъияти ҳассос кори Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(даъвати дувоздаҳум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри фарҳанги Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаеви Хуҷанди бостонӣ идома ёфт. Дар иҷлосияи мазкур аз 230 нафар вакили халқ 193 нафар вакилон ширкат варзиданд.

     Рӯзномаи Иҷлосия 23 масъаларо дар бар гирифта буд. Аз ҷумла муроҷиати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви Давлатҳои Мустақил; дар бораи тартиби ба ҷойи истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо; дар бораи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон; дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи авфи умумӣ;дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ раҳо додани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ;  дар бораи эътидол овардани  вазъияти ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра буда, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

    19 ноябри соли 1992 Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмонро бо овоздиҳии пинҳонӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Иҷлосия инчунин Ҳукумати нави Тоҷикистонро ташкил дод. Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд.

     Дар ҳамон солҳои сангину душвор ӯ бо як мардонагию ҷасорат ба хотири тамомияти  арзии кишвар, ба хотири пойдории давлат, ба хотири ҳифзи нангу номуси миллат, ба хотири тинҷию  осудагии мардум, ба хотири дар арсаи байналмилалӣ нарезонидани обрӯ ва эътибори Тоҷикистон шуруъ намуд ба гузоштани аввалин хиштҳои қасре ба номи «Ваҳдат». Раиси тозаинтихоби дурандеш роҳи ростиро интихоб карду мардумӣ буданашро исбот намуд.

        Маҳз ба шарофати роҳбарии оқилонаю  сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар саросари ҷумҳурӣ на фақат оташи ҷанги шаҳрвандӣ батамом хомӯш гардид, балки муҳити созгори сулҳу суббот  ба мардуми сарзамини куҳанбунёд имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ харобаҳои ҷангро бартараф сохта, ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даст бизананд. 

       Соли ҷорӣ аз ба имзорасии Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар  ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо –Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 ба вуқуъ пайваст, 21 сол   сипарӣ мешавад. Ҳамдиёрони мо онро ҳар сол бо унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ   бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд менамоянд. Мафҳуми «ваҳдат» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои «ягонагӣ, танҳоӣ, яке будан» шарҳ дода шудааст.Воқеан то расидан ба Рӯзи ваҳдати миллӣ  халқи тоҷик чӣ рӯзҳои сиёҳу  наҳсеро паси сар намуд, ки бо таъбири халқӣ  Худо медонаду онҳое, ки дар ин гирдоби бало печида буданд. Сокинони Тоҷикистон дар давоми ҷанги ҳамватанӣ аҳамияти сулҳу амонӣ ва яктаниву ҳамдилиро бештар эҳсос намуданд ва орзую ормони ягонаашон ин буд, ки сарони ду ҷониб ҳар чӣ зудтар дастӣ оштӣ ҷониби ҳамдигар дароз намоянд.

      Мувофиқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ зарари ба иқтисодиёти кишвар асар карда, 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод. 35700 хонаву манзили зист  вайрону валангор шуданд, 300 мактаби шаҳру деҳот, 61 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба куллӣ хароб гаштанд, роҳҳо, пулҳо, садҳо иншооти бузурги саноатӣ, нақлиёт ва сохтмон талаву тороҷ  ва корношоям гардиданд. Ин ҷанги хонумонсӯз иқтисодиёти  ҷумҳурии моро даҳсолаҳо қафо партофт.

       Ана дар чунин  як ҳолати фалаҷ  гардидани  иқтисодиёту аксар рукнҳои давлатдорӣ,  ҷавонмарди ватандӯсту боҷасорат Эмомалӣ Раҳмонов зимоми давлатдориро ба даст гирифта, на фақат ба хомӯш кардани оташи ҷангу сарҷамъ кардани «қавми парешон»муваффақ гардид, балки  бо роҳнамоии хирадмандонаи  ӯву пуштибонии халқи  Тоҷикистон  дар ҷумҳурӣ  дар як муддати кӯтоҳ  харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ бартараф гардида, ҷумҳуриамон  ба роҳи пешрафту рушди устувор қадам бардошт.

        Имрӯзҳо дар чандин давлатҳои хурду бузурги олам таҷрибаи  сулҳофаринии тоҷиконро омӯхтаю аз таърихи он  бохабар гардида, ин рӯйдоди нодири сиёсиро барои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ  дар кишварҳояшон мавриди истифода қарор   медиҳанд.

      Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷику Тоҷикистон хушбахтиву саодатмандиҳо ва пешрафту шукуфоиҳои зиёде насиб гардонид. Ҳамкориҳои дӯстона бо зиёда аз 200 кишвари дунё, бунёд гардидани роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, корхонаҳои бешумори истеҳсолӣ, ки ба ояндаи боз ҳам дурахшони кишвар мусоидат менамояд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Бунёди нақбҳои Истиқлолу Хатлон ва Шаҳристону Шаршар, неругоҳҳои Бойғозӣ, Сангтӯда,  Роғун аз ҳамон қабил мебошанд. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ-туҳфаи бебаҳоест, ки масъулияти ҳифзи он ба ҳамаи шаҳрвандон, пеш аз ҳама ба ҷавонони бонангу номуси диёр вогузор шудааст.

     Пӯшида нест, ки то ҳанӯз душманони миллату давлатамон барои халалдор кардани амну осоиш, сулҳу сафо, бунёдкориву созандагӣ, ваҳдату якпорчагии  Тоҷикистони азиз нақшаҳо тарҳрезӣ менамоянд. Мо бархилофи нияту амалҳои онҳо бояд ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз мадди назар дур накарда, барои ҳифзи самараҳои ваҳдати миллӣ, амнияти давлату миллат саъю талош дошта бошем.

      Дар масири обод намудани ватан иродаи мардуми тоҷик устувору қавӣ аст ва маҳз ҳамин якдилӣ миллати шарафманди моро ба ваҳдат оварда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард.  Аз ин ру, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои 21 соли пойдории ваҳдат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон  аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. 

       Ҷовидон бод Ваҳдати миллии мо, поянда бод якдилию ҳамбастагии ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён!

 

Мушовири ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ

Азизуллоев А.А.