Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

«Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро

   бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ медонанд»

Эмомалӣ Раҳмон

      Аз аввалин устураҳои қадим то қиссаву достонҳои беш аз панҷҳазорсолаи гузаштагонамон ба фидокориҳои фарзандони фарзона пайвастагӣ дорад, ки дар марҳилаҳои тақдирсози миллату сарзамини муқаддаси тоҷикон нақши муҳим бозидаанд.

   Дар радифи абармардони даврони ободонию созандагиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бонувони шуҷоатманду бедордили кишвар низ раҳнаварди ин ҷодаи пуршебу фарозанд.

      Аз ҷумла, бонувон масъулияти бузургеро вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагии инсон доранд ва дар тамоми соҳаҳо намунае аз корнамоии онҳо шоистаи тақдир асту таҳсин ва оинаи ибратбин, ки дар он иқдомҳои созандаашон мунъакис бувад.

    Бонувон дар ҳар давру замон масъулияти бузургро бар душ доштанд. Дар баробари он, ки рисолати модарӣ ва тарбияи фарзандон дар души онҳост, инчунин дар ҷомеа нақши муассир мегузоранд.

      Аз лаҳзаи ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» то имрӯз 18 сол пур гардид.    

     Тӯли ин солҳо баҳри беҳбудии вазъи иҷтимоӣ ва фароҳам сохтани имкониятҳо барои илму касбомӯзии бонувон,таъмину ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барномаҳои давлатӣ рӯйи кор омаданд.

       Ин аст, ки беҳбудии вазъи иҷтимоӣ ва фаъолнокии бонувон дар пешбурди равандҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии марказҳои маъмурии кишвар баръало мушоҳида мешаванд.

      Маҳз бо иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон курси омӯзишии «Занони сарвар» ташкил шудааст, ки мо як гурӯҳ донишҷӯдухтарон дар ин курс аз бонувони фаъоли ҷумҳуриямон, ки дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият кору фаъолият кардаанд ва карда истодаанд дарси хештаншиносӣ, маърифатнокӣ, роҳбарӣ меомӯзем ва максаду маром дорем, ки ба мисли ин занони кордону пуртаҷриба дар ҷомеа мавқеи худро дарёфт намуда, ба Ватани азизу маҳбубамон хизмати арзанда намоем.

                             Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

                             Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.  

Донишҷӯи гурӯҳи 206, факултети

тиббӣ Сафарова Меҳрбону