Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Бо ҷалби мутахассисони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон курси омӯзишӣ оид ба бемориҳои сироятӣ ташкил карда шуд, ки он тамоми омӯзгорон ва донишҷӯёни ин ошёни донишро фаро гирифта, ҳадаф аз ташкили чунин курси омӯзишӣ зиёд намудани донишу малакаи муҳассилин оид ба бемориҳои сироятӣ, бархурдор будан аз ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аст. Чунки, махсусан дар фасли тобистон хурӯҷи бемориҳои сироятӣ бештар ба амал меояд.

     Барномаи таълимии курси мазкур фарогири масъалаҳои глобалии тандурустии имрӯза – вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО), ҳепатитҳои вируси А, В, С, Е инчунин бемориҳои тифи шикам, исҳоли хунин ва зуком мебошад. Ҳаҷми умумии барномаи таълими бемориҳои сироятӣ 10 соатро ташкил медиҳад ва донишҷӯёну омӯзгорон тибқи ҷадвали таҳиянамудаи шуъбаи таълим ба омӯзиши курси мазкур оғоз намуданд.

Шуъбаи таълими ДДТХ