Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Дар асоси нақша-чорабиниҳои  ДДТХ,  бахшида ба  “Рӯзи  ҷавонони Тоҷикистон дар доираи  Ҳафтаи  ҷавонон”,  кафедраи Физикаи биологӣ ва информатика   озмуни   “ Ман бо техналогияи нав ошно ҳастам”-ро баргузор намуд.

 Дар озмун шартҳои зерин  аз қабили “ бо суръати тез ва бе хатто  чоп кардан дар клавиатура ”  ва “ намоишномаи беҳтарин”  (призинтатсия) ҷой дода шуда буд.

       Тибқи  шарти якум: дар  муддати 5- дақиқа  донишҷӯ бояд матнро  бехато ва ҳар чӣ тезтар  ба воситаи клавиатура дар компютер чоп намояд. Донишҷӯе, ки ҳар чӣ тезтар  ва ё миқдори зиёди калимаҳоро  дар вақти муайяншуда  чоп менамояд,  ғолиб  дониста мешавад.

        Инчунин тибқи шарти дуюм: донишҷӯ бояд дар муддати 20-дақиқа намоишномаи

(призинтатсия )  беҳтаринро  оиди мавзӯи “Китоб”  пешниҳод намояд.

 Бояд қайд кард, ки дар ин озмун 16  донишҷӯ аз гурӯҳҳои гуногун  иштирок карданд.

 Дар шарти якум Бобоев Анушервон гурӯҳи 102-стоматологӣ маҳорати баланд нишон дода,  дар муддати муайяншуда аз матни интихобшуда, 165 калимаро  тавонист бе хатто  чоп намояд ва сазовори чои аввал гардад.

Ҷои дуюмро  донишҷӯи гурӯҳи 107-тиббӣ Абдиназаров Сарвар бо теъдоди 150  калима ва ҷои сеюмро гурӯҳи 104 тиббӣ Юлдошов Авазбек бо теъдоди 148 клима  ишғол  карданд.

 Шарти  дуюм, ки сохтани беҳтарин намоишномаро  дар бар мегирифт, донишҷӯи гурӯҳи 104-тиббӣ Юлдошов Авазбек  аз ҳамма хубтар намоишномаро дар мавзӯи  “Китоб”   сохта  сазовори ҷои аввал гардид.  Намоишномаи донишҷӯи  гурӯҳи 106-педиатрӣ Маҳмудҷонов Азамат  сазовори ҷои дуюм  ва намоишномаи  донишҷӯи гурӯҳи 102 стоматологӣ  Холиқов Муҳаммадбобур  сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Кафедраи “ Физикаи биологӣ  ва информатика”