Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

           Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон,  ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъсис ёфт, аз аввали моҳи марти соли 2016  ба фаъолият шуруъ намуд.    

              Тавре ки Сарвари давлат дар Паёми имсола таъкид намуданд, то ҳанўз нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад. Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад.

             Ҳамин тавр, бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон таъсис дода шуд.

             Ин боварии сарвари давлатро Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон   бомасъулият ба уҳда гирифта, бо истифода аз таҷрибаи васеи кормандон, барои омода намудани мутахассисони сатҳи олии соҳаи тибби кишвар, талош меварзад.

          Бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони нисбатан қобилиятноку соҳибистеъдод Комиссияи қабули довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон фаъолияти худро аз авали моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз намуд.  Лозим ба қайд аст, ки ҳамагӣ ба  факултетҳои донишгоҳ 1633 нафар довталаб аз тамоми гушаю канори ватани азизамон ҳуҷҷат супорида, рўзҳои 2 – юм ва 7 – уми майи соли 2016 имтиҳони қабул бо муваффақият   доир гардид.

               Инак, имтиҳоноти қабул паси сар гаштанд  нахустин  донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо теъдоди 352 нафар    ташнагони илму маърифат ба курси аввали  донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шомил  шуданд. Суҳбатҳои зиёде, ки дар рўзҳои натиҷагирии имтиҳонҳои қабул  мо бо довталабон   анҷом додем, далели он аст, ки имтиҳоноти нахустин ва ҳатто таърихӣ,  дар сатҳи баланд анҷом пазируфта, беҳтарин довталабон тавассути дониши қавӣ ва омодагиҳои пурраи хеш  ба  мақсад расиданд.  Ва ин ҷо месазад, ки исми бархе аз онҳоро ба хонандагон маълум намоем:

  1. Қаюмов Сино – дастпарвари мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  ба факултети тиббӣ ҳуҷҷат супорида,  соҳиби 161 хол гардидааст;  
  2. Галиев Меҳроҷиддин - дастпарвари Литсей интернати физикӣ – математикии «Орёно» ш. Қурғонтеппа, истиқоматкунандаи н. Дўстӣ ба факултети тиббӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби 158 хол гардидааст;
  3. Ҷобири Қурбоналӣ - дастпарвари мактаби Президентӣ дар н. Данғара, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод  ба факултети тиббӣ ҳуҷҷат супорида,  соҳиби  157 хол гардидааст;
  1. Нарзуллоев Шамсиддин – дастпарвари гимназияи №2 н. Деваштиҷ, истиқоматкунандаи Зафаробод ба факултети тиббӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби  153 гардидааст:
  2. Хоҷаназаров Давлатбек – дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, н. Ҳисор, истиқоматкунандаи ноҳияи Хисор ба факултети педиатрӣ ҳуҷҷат супорида,  соҳиби 152 хол гардидааст;
  3. Нуров Маъруфҷон - дастпарвари Литсейи давлатии №1 н. Ёвон, истиқоматкунандаи н. Ёвон ба факултети тибби ҳуҷҷат супорида, соҳиби 145 хол гардидааст:
  4. Туробова Зарина - дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, ш. Қайроқум, истиқоматкунандаи ш. Қайроқум ба факултети педиатрӣ ҳуҷҷат супорида,  соҳиби  144 хол гардидааст:
  5. Ҳафизов Фаррух – дастпарвари мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар н. Данғара, истиқоматкунандаи н. Данғара ба факултети тиббӣ ҳуҷҷат супорида,  соҳиби  137 хол гардидааст.
  6. Самадов Саддамҷон – дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 н. Восеъ, истиқоматкунандаи н. Восеъ ба факултети педиатрӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби  130 хол гардидааст:
  7. Алиев Алиҷон – дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ш. Душанбе, истиқоматкунандаи н. Шўрообод ба  факултети стоматологӣ ҳуҷҷат супорида соҳиби 128 хол гардидааст.

             Пас аз маълум гардидани натиҷаи имтиҳонот  довталабони  зиёде бо як эҳсосоти наҷиб   ҳисси қаноатмандии хешро  аз натиҷаҳои имтиҳоноти қабул  ба кормандони Комиссияи қабул ва роҳбарияти донишгоҳ иброз медоштанд.  Дар навбати худ, Раёсати донишгоҳ   ҳамаи онҳоеро, ки имсол ҳамчун аввалин донишҷўён ба курси якум   ба Донишгоҳи даввлатии тиббии Хатлон  дохил шудаанд табрику муборакбод намуда, хоҳони он аст, ки дар шоҳроҳи мушкил,  вале пуршарафи илмомўзӣ ҳамеша муваффақ бошанду бо хониши аълою интизоми намунавӣ дар баланд бардоштани мақому манзалати Донишгоҳи  навтаъсиси  тиббии Хатлон саҳми босазои худро гузоранд.

        Раёсати ДДТХ