Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      Рӯзи 15-уми майи  соли 2018 дар толори  фарҳангии  Донишгоҳи давлатии  тиббии Хатлон ҷамъомад бахшида ба рӯзи «Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.   

    Ҷамъомадро   муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оид ба таълим, дотсент Ғафуров Б.А. ҳусни оғоз бахшида,   мухтасар дар бораи  рузҳои талхи  мардуми тоҷик ва заҳматҳои Пешвои миллат барои барқарор намудани  сулҳу осоиштагӣ  ва   ваҳдати миллӣ     сухан намуданд. Устод Ғафуров Б.А., суханони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  хотиррасон намуда, қайд намуданд, ки: «Ҳар касе, ки  ниҳоле сабзонида бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад ва ин дарахт чи қадар меваи ширин ба бор меоварад. Мо меваи ширини дарахти  сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаригиз роҳ намедиҳем, ки касе теша бар решаи он занад». Пас аз ифтитоҳи чорабинӣ, сухан ба мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  Азизулоев А.А дода шуд. Устод Азизулоев А.А дар  мавзуи “Ваҳдат сарчашмаи  бахту иқболи миллат” сухан ронда, аз рӯзҳои талху душвори миллатамон сухан намуданд ва дар баробари он аз фаъолияти худ дар он давра, вазъият дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, ҳолу аҳволи мардуми тоҷик сухан ронда   таъкид намуданд, ки бояд ҷавонони имруза ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва сифатҳои ватандустӣ, инсонпарварӣ, арҷгузориро нисбати  арзишҳои миллӣ дар дили худ мудом ва бардавом нигоҳ доранд.

    Пас аз он сухан    ба мудири кафедраи ҷомеашиносӣ,    дотсент Гулов.А.А. дода шуд. Устод дар мавзуи “Ваҳдат оинаи башоратҳост” баромад намуда аз суханҳои   пайямбаронаи президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон“ ба миллат ва оламиён ёдоварӣ намуд, ки қайд доштанд, ки : “Ҷомеаро ба сулҳу ваҳдат меоварам ва агар дар ин роҳ лозим шавад ҷони худро дареғ намедорам”.«Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард», «Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ  меорам»,  «То як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худро ором ҳис карда наметавонам»”. Дар фарҷоми сухан устод Гулов А.А. ҳамаи донишҷуёнро ба ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиштагӣ даъват намуда, онҳоро ба рузи оила ва фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуд.

    Дар баробари устодон ва омузгорон  донишҷӯён низ бо  маърузаҳои хубе аз қабили   «Тарбияи сиёсӣ дар шароити давлати  ҳуқуқбунёд»  донишҷӯи    курси 2, гуруҳи  207, факултаи     тиббӣ, Муҳаммади Саймустафо  «Ҷавонон ва ваҳдати миллӣ» Сайидвалиева Насрина- донишҷуи  курси 2, гуруҳи  206,  факултаи тиббӣ, «Ваҳдати миллӣ- самараи  фидокориҳои  пешвои миллат» Қурбонов  Зоиршо- донишҷӯи  курси аввал, гуруҳи 103, факултаи педиатрӣ баромад намуданд. Донишҷӯён низ дар баромадҳои худ қайд намуданд, ки  Ваҳдат дар ҷомеаи бефарҳанг ба даст намеояд ва бе Ваҳдат эҳёи ватан низ зери шубҳа мемонад.  Ваҳдат ин дарк намудани як нукта, яъне аз манфиатҳои  шахсӣ ва гуруҳӣ ё ҳизбӣ болотар ва авлотар донистани манфиатҳои миллату Ватан мебошад. Онҳо бо як забони нозуку бамеҳр тамоми ҳамсабақонашонро ба якдигарфаҳмӣ, якмақсадӣ, қадрдонию пос  доштани Ватани маҳбубамон    даъват намуданд.

     Дар охир  муовини ректори ДДТХ оид ба таълим, дотсент Ғафуров Б.А. ҷамъомадро ҳусни хотима бахшида, барои  тамоми устодону  донишҷӯён ва дар симои онҳо барои  тамоми мардуми  бузурги тоҷик рузгори  пурфайзу пурбаракатро   таманно намуд.

                                                                                                      Кафедраи ҷомеашиносӣ      Гулов А.А