Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      

      Санаи 15 уми майи соли 2018  соати 0930 бо иштироки 36 нафар донишҷӯёни болаёқат ва 13 нафар фаолони шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТХ  дар мавзуи “Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон” бахшида ба ҳафтаи “Ҷавонон” тренинги  омӯзиши доир карда шуд.

       Дар рафти  тренинг масъалаҳои мақоми ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза нақши онҳо дар амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ  карда шуд.

     Баромад кунандагон  Хоҷаева Марям ва Эмомуродова  Муборак оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷавонони имрӯза, махсусан  донишҷӯёни ДДТХ- ро мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуданд,ки  тақдири  ояндаи миллату  мамлакати азизамон  дар дасти

ҷавонон  аст ва онҳо бояд бомаърифат, соҳиб маълумот дар омӯзиши илм собитқадам бошанд. 

      Дар маҷмуъ суҳбат ва саволу ҷавоб оид ба мушкилоти имрӯзаи ҷавонон ва  масъалаҳои дигари  доғи рӯз матраҳ гардид.

                                                                                                                                                                            Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон   Раҳимов Х.С