Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   

        Рӯзҳои 5-6-уми  майи соли 2018 дар доираи Клуби сайёҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    боздид аз ҷойҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои вилояти Хатлон баргузор карда шуд.  Сафар бевосита аз худи саҳни донишгоҳ оѓоз гардид. Моро раиси Клуби сайёҳии донишгоҳ муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф. гусел. намуд. Дар ин сафар донишҷӯёни гурӯҳи 102-юми педиатрӣ бо ҳамроҳии мудири кафедраи забонҳо Қурбонмамадов С.Х. ва ман – саромӯзгори кафедраи мазкур – Одинаев С.П. ширкат намудем. Хатсайри сафари мо хеле аҷибу дилнишин буд – қалъаи Ҳулбук, шаҳри Кӯлоб, Осорхонаи таъриху кишваромӯзии – 2700 солагии Кӯлоб, оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияи Ховалинг, мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ, зодгоҳи Восеи қаҳрамон – Дараи Мухтор, оромгоҳи Ҳазрати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ дар ноҳияи Балҷувон…

        Сараввал дар роҳи қалъаи машҳури таърихии Ҳулбук аз оромгоҳи  Махдуми Санги Кулӯла дидан намудем. Номи аҷиби ин рӯҳонии Тоҷикистони аҳди Шӯравӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он машҳур ва маъруф буд.

        Роҳи мо ба сӯи қалъаи Ҳулбук идома ёфт. Ҳулбук  - маҷмааи археологӣ дар қишлоқи Меҳрободи ноҳияи Восеъ мебошад. Соли 1999 ба рӯйхати объектҳои Осори умумиҷаҳонии Юнеско таҳти № 1383 шомил карда шудааст.

       Обҳои мусаффо, чашмаҳои ҳаловатбахши ин мавзеъҳо, табиати зебоманзари ин гӯшаи диёрамон моро, ки аксаран зодаи диёрҳои куҳманзари Тоҷикистони биҳиштосо мебошем, ин қадар мафтуну намуда бошад, пас сайёҳони хориҷие, ки ба сайёҳати диёри мо меоянд, аз он чӣ бардоште мекарда бошанд?!

        Қарибии бегоҳ ба шаҳри қадима ва зебои Кӯлоб расидем. Аввалан  аз Осорхонаи таъриху кишваромӯзии – 2700 солагии Кӯлоб дидан намудем.

             

  

     Сипас аз бинои боҳашамати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намудем. 

        Рӯзи дигар ба ноҳияи Ховалинг пеш гирифтем…

      Ҳадафи навбатии мо оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ буд, ки дар масофаи 18 км дар қисмати шимолии ноҳияи Ховалинг  дар деҳаи Мазори Ҳазрати Султон воқеъ гардидааст. Ин мавзеи таърихӣ бо табиати зебо, чашмаҳои зулол, гулу гиёҳҳои шифобахш ва паррандагони нодираш машҳур мебошад. Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 пурра азнавсозӣ карда шуд. 

        Пас аз нисифирӯзӣ роҳ ба сӯйи Дараи Мухтор гирифтем. Дараи Мухтор зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеи диловар мебошад.

     

     Бо назардошти арҷгузорӣ ба хизматҳои арзанда дар роҳи меҳанпарастӣ, озодихоҳии фарзандони фарзонаи халқи тоҷикбо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, № 571 дар пойгоҳи мавзеи таърихӣ-табии Дараи Мухтор «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» таъсис дода шуд. Муассисаи мазкур аз осрохонаи таърихӣ-фарҳангӣ, ҷувозхона, боқимондаҳои хонаи Восеъ, чинорҳои чандинасра, дастниҳоли Восеи қаҳрамон - дарахти садда, чашмаи мусаффои Чирак ва мавзеии нотакрори табиӣ иборат мебошад.

   

      Сафари мо дар ноҳияи Балҷувон бо зиёрати оромгоҳ ва боѓи пуршукӯҳи Ҳазрати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ анҷом пазируфт.

Кафедраи забонҳо- Қурбонмамадов С.Х., Одинаев С.П.