Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   

        Таъсиси ҳама гуна мактаб нишони осудаҳолию пешрафти зиндагии мардуми ҳамон кишвар мебошад. Хосса таълимгоҳе, ки ба тандурустии одамон сари кор мегираду мақсади он тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавон аст. Дар замони шӯравӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ҷумлаи мактабҳои олии шуҳратёри мо маҳсуб мешуд. Вай ҷумҳуриро ба табибони соҳибмаълумот таъмин мекард. Соли оянда ба таъсиси ин таълимгоҳи кишвар 80 сол пур мешавад. Дар ин муддати аз нигоҳи таърих начандон тӯлонӣ донишгоҳи мазкур мутахассисони бисёреро тарбия ва соҳиби маълумот кард. Вале бо мурури вақт маълум гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон бинобар сабаби афзудани шумораи аҳолӣ ва аз ҷумҳурӣ кӯч бастани бисёр мутахассисони соҳа табибон намерасанд. Хосса дар Хатлон барин вилояти калон, ки ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ ҳамааш шуда 11,4 нафар табиб рост меояд. Дар миқёси ҷумҳурӣ ин нишондоди камтарин аст. Аз ин лиҳоз январи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ташкил намудани боз як донишгоҳи тиббии наву замонавиро таъкид кард. Ҳамин тавр, моҳи феврали ҳамон сол Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ба имзо расид. Донишгоҳи тозатаъсис аз марти ҳамон сол арзи ҳастӣ кард. Инак аз байн ду сол сипарӣ гардид. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз бурду бохти он дар ин муддат сӯҳбате доштем бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи АИТТ, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Убайдулло ҚУРБОН, ки ҳоло фишурдаи он пешкаши хонандагони гиромиқадр карда мешавад.

          ‒ Устод, шумо ки аз лаҳзаҳои аввали таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳузур доштед, мехостам дар ин бора ба хонандагони рӯзнома чанд сухан бигӯед

      ‒ Масъалаи таъсиси ДДТХ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 январи 2016 таъкид гардид. Баҳри иҷрои супориши мазкур дар баробари дигар вазорату мақомоти марбута дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ роҷеъ ба таҳияи «Лоиҳаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ситоди корӣ ташкил карда шуд. Роҳбарии ситодро ҳамчун ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино банда ба ӯҳда доштам. Ҳайати ситод, ки ашхоси корозмудаю соҳибтаҷрибаро дар бар мегирифт, баъди дақиқ ошно гаштан ба фикру мулоҳизоти коршиносону мутахассисони соҳа оид ба бунёди бинои донишгоҳи нав дар вилояти Хатлон 11 феврали 2016 андешаҳои хешро ба Президенти ҷумҳурӣ манзур намуд. Он аз ҷониби Президент дастгирӣ ёфт ва ҳамин тавр, 25 феврали 2016 «Қарор дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» дар Данғара қабул карда шуд. Ҳамзамон қарори ректори донишгоҳи мазкур таъйин карда шудани банда низ ба тасвиб расид. Фаъолияти донишгоҳ расман аз 4 марти 2016 оғоз гашт. Мо раёсати муваққатӣ ташкил кардем, ки 11 нафарро дар бар мегирифт. Вазифаи раёсат қабл аз ҳама ба роҳ мондани кори донишгоҳ, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, таъмини шаффофияти имтиҳоноти нахустини донишгоҳ ва раванди босифати таълим ва амсоли онҳо буданд. Ҳамин тавр, то оғози соли таҳсил мо тавонистем, ки корҳои зиёдеро ба анҷом расонем.

        − Қадами нахуст гар устувор бошад, бори мақсуд ба манзил мерасад. Гомҳои нахустини шумо ҳамчун сарвари аввалини донишгоҳи тозатаъсис чӣ гуна буданд ва оё ниёз ба дастгирии дигарон доштед ё на?

          − Тавре, ки дар боло гуфтам, банда то ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъйин гардиданам, зиёда аз даҳ сол ректори яке аз бузургтарин макотиби олии ҷумҳурӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино будам. Дар муддати кор дар ин даргоҳи илму маърифат таҷрибаи ғанӣ андӯхтам, ки имрӯз ҷиҳати роҳандозии фаъолияти донишгоҳи тиббии тозатаъсис маро ба кор омад. Корро аз иҷрои дастуру супоришҳои ҳукумат ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили оиннома, шиноснома ва рамзи донишгоҳ, гирифтани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, тасдиқи басти воҳидҳои корӣ, тартиб додани лоиҳаи буҷаи донишгоҳ барои соли 2016, низомномаҳои гуногун ва амсоли онҳо оғоз кардем. Дар як муддати кӯтоҳ раёсат, зерсохторҳо, шӯрои олимон таъсис ёфтанд, ҳарчанд, ки проблемаҳо хеле зиёд буданд.

         − Қабули довталабони соли аввали таҳсил чӣ гуна сурат гирифт. Душвориҳои зиёде, ки пешорӯи шумо омада буданд, магар ба ҷараёни ин кори муҳим халал ворид насохтанд?

         ‒ Соли аввал тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабон ва ташкили имтиҳоноти озмунӣ ба ӯҳдаи роҳбарияти донишгоҳ вогузор гардид. Қабули довталабон кори хеле пурмасъул ва ҷиддӣ буд. Ҷиҳати    шаффоф сурат гирифтани раванди имтиҳонот «Қоидаҳои қабули довталабон ба ДДТХ барои соли таҳсили 2016 − 2017», ҳамчунин санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ карда шуданд. Дар иҷрои ин корҳо ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино кумаки хешро дареғ надошт. Қатъи назар аз сар задани баъзе проблемаҳо мо тавонистем аз 1633 нафар довталаб 353 нафарро ба курси якуми донишгоҳ қабул бикунем. Имтиҳоноти соли дуюми таҳсил дар Маркази миллии тести (ММТ)-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.  Дар робита ба ин мавзӯъ дар Шӯрои олимони донишгоҳ нақшаи чорабиниҳо ва комиссияи қабули донишҷӯён ба тасвиб расид. Комиссия аз аввал то охири моҳи август фаъолият намуд. Дар ин муддат тибқи нақшаи ММТ 335 нафар довталаб ба курси якум қабул карда шуданд. Ҳамин тавр, имрӯз дар донишгоҳ 715, аз ҷумла ба тариқи шартномавӣ 445 нафар донишҷӯ  бо таҳсил фаро гирифта шудааст. Боло бурдани савияи таълиму тарбия ва риояи шаффофият дар давраи қабули довталабон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки феълан дар донишгоҳ ҳаллу фасли худро ёфтаанд. Имрӯз зиёда аз 40 дарсади донишҷӯёни мо бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд. Бисёри онҳо дар олимпиадаю чемпионатҳо иштирок намуда, ғолибият ба даст овардаанд.

  • Донишҷӯён ҳамагӣ аз вилояти Хатлон мебошанд?

       − Не, аз нисф андаке бештар аз вилояти Хатлон, боқӣ ҳама аз вилояти Суғд, ВМКБ, навоҳии тобеи марказ ва ш. Душанбе омадаанд. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мактаби олии сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошад ва хоҳишмандон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд, ки дар он таҳсил бикунанд ва соҳиби маълумоти тиббӣ гарданд. Дар ин бобат барои касе, ҳатто хоҳишмандон аз давлатҳои хориҷӣ низ маҳдудият вуҷуд надорад.

   − Қабули устодон ба кор чи гуна сурат гирифт. Шояд дар ин самт низ хоҳишмандон бисёр буданд?                                                                                    − Бале, хоҳишмандон буданд. Барои ишғоли вазифаҳо дар васоити ахбори омма озмун эълон карда шуд. Дар тӯли як моҳ 60 нафар ҳуҷҷат пешниҳод кард. Аз ин миқдор 36 нафар ба кор қабул гардид. Моҳи августи соли сипаригашта низ дар донишгоҳ барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар ҳайати профессорону омӯзгорон озмун баргузор шуд. Дар натиҷа 26 нафар комёб гаштанд, ки ду нафари онҳо дорои дараҷаи номзади илм мебошанд. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 64 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин 48 нафар корманди асосӣ ва 16 нафар ҳамкори берунӣ аст. 14 нафар омӯзгор дараҷаи илмӣ дорад, ки мувофиқ ба меъёрҳои стандарт барои муассисаҳои олӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, дар кафедраҳои биология, физика, информатика, гистология ва забони лотинӣ воҳидҳои кории холӣ вуҷуд доранд. Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур давра ба давра озмун эълон бикунад.  

       − Дар донишгоҳ таълим бо кадом забонҳост?

      − Таълим дар 24 гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва дар 24 гурӯҳ бо забони русӣ мебошад. Дар ҷумҳурии мо бо забони модарӣ ба роҳ мондани таълим ҳатмист ва имрӯз дар ДДТХ чунин шароит фароҳам оварда шудааст ва агар  имконият даст медод, мо ҷараёни таълимро дар баробари забонҳои тоҷикию русӣ бо забонҳои дигари машҳури дунё, аз ҷумла забони англисӣ низ ба роҳ мемондем. Имрӯз бисёр китобҳои дарсии тиббӣ, адабиёти иловагӣ ва мақолаҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ мебошанд. Илова бар ин, дар саҳифаҳои интернет бо ин забонҳо маълумоти фаровон ҷой дода шудааст. Ба таври дигар гӯем, барои донандагони забони русӣ ва англисӣ проблема вуҷуд надорад. Шояд аз ҳамин хотир дар байни толибилмони донишгоҳи мо низ хоҳишмандони таълим бо забони русӣ бисёранд.   

        − Устод, яке аз самтҳои фаъолияти макотиби олии тиббӣ кори муолиҷавӣ мебошад. Дар ДДТХ ин масъала чӣ гуна ҳаллу фасл ёфтааст?

       −  Суоли хеле бамаврид аст. Табобат ва таълим дар донишгоҳи тиббӣ тавъам буда, наметавонанд бидуни якдигар вуҷуд дошта бошанд. Донишгоҳи мо ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ ва Беморхонаи марказии ноҳиявӣ ҳамкории ногусастанӣ дорад. Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ нисбатан хурд бошад ҳам, замонавӣ ва барои ба роҳ мондани корҳои ҷарроҳӣ хеле мувофиқ аст. Бояд гуфт, ки фаъолияти муолиҷавии кормандони донишгоҳ беш аз пеш таҳким меёбад. Ба фаъолияти тиббӣ оғоз намудани онҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои машваратию сарпарастӣ ва муолиҷаи маризони ноҳия ва вилоят иқдоми нек аст. Аз теъдоди умумии беморони табобатёфта беш аз 100 нафар донишҷӯёни худи донишгоҳ мебошанд. 21 нафар толибилм мавриди ҷарроҳӣ қарор гирифт, ҳамчунин 7 нафар кормандон аз ҷониби банда ҷарроҳӣ карда шуданд. Маврид ба қайд аст, ки ҷиҳати муайян намудани вазъи саломатӣ ва ҷавобгӯ будани ҳолати тандурустии муҳассилин ба ихтисоси табибӣ донишҷӯёни соли аввали таҳсил аз муоинаи тиббӣ гузаронда мешаванд. Дар натиҷа маълум гашт, ки 13 нафар донишҷӯ гирифтори рангкӯрӣ ё далтонизм ва 28 нафар гирифтори наздикбинӣ ё мопия мебошад. Чунин муоинаҳо моҳҳои октябр-ноябр аз ҷониби кормандони донишгоҳ дар якҷоягӣ бо мутахассисони беморхонаҳо сурат мегиранд. Таҳлили дусола нишон дод, ки дар байни донишҷӯён ҳамзамон бо бемориҳои дигар, бемории рангкӯрӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва ин ҳолат таҳсили донишҷӯро дар риштаи тиб зери суол мегузорад.   

        −  Аз ҷониби устодони донишгоҳ бештар кадом амалиётҳои ҷарроҳӣ ба иҷро расонда мешаванд?             

      −  Амалиётҳои ҷарроҳие, ки мо дар беморхона мегузаронем, гуногун мебошанд, аз қабили рафъи контрактураи сӯхтагии ангуштон ва бандҳои бузург, тармими қолабвайронии осебзоди бинӣ ва миёндевори он, тармими осебҳои кушода ва пӯшидаи бинӣ, бурида гирифтани омосҳои некфарҷом, тармими барқарорсози бинӣ, тармими дуҷонибаи гӯшҳо, рафъи ангуштчаспидагии дастҳо, флебэктомияи пой, ҷарроҳии ҷоғар, ҷарроҳии тармимии девораи пеши шикам,  барқарор намудани асаби оринҷ ва пайҳои хамкунандаи панҷа, колпорафияи пасу пеш, ҷарроҳиҳои олати таносул, рафъи контрактураи панҷа, бурида гирифтани қабурғаи изофӣ, қатъи мушаки нардбоншакл ва ғайраҳо. Бояд гуфт, ки бори нахуст дар амалияи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ноҳия усули ҳисбарии мавзеии асаби бозу, ҳамчунин дар кори ташхис барои ошкор сохтани иллатҳои ҷавфи бинӣ аз томографияи компютерӣ истифода карда шуд. Устодони донишгоҳ  ҳамчунин аввалин шуда барои ташхиси гипоспадияи атфол, ки нақси модарзодии олати таносул мебошад, усули ҷадиди урофлуометрияро роҳандозӣ карданд. Онҳо дар амалиётҳои дигари ҷарроҳӣ, аз қабили қатъи кӯррӯда ва сипурз, чоки қайсарӣ ва ғайраҳо низ ширкат мекунанд. Умуман, тӯли ду соле, ки донишгоҳ  бо беморхонаҳои ноҳия ҳамкорӣ дорад, бори аввал дар шароити минтақа ва бо истифода аз технологияи замонавӣ зиёда аз 40 намуди амалиёти ҷарроҳӣ гузаронда шудааст. Ҷарроҳиҳо аз ҷониби банда ва гурӯҳи ҷарроҳон –Ҷанобилова С. М., Холов Ш. И., Дадоҷонов Ҷ. Ю, Қурбонов З. А., Исмоилов Қ. ва Камолов А. С.  амалӣ мегарданд. Саҳми устодони мо дар кори табобат танҳо аз ҷарроҳӣ иборат нест. Дар ташхису муолиҷаи бемориҳои дарун саҳми устодон Қузибоева Н. Қ. ва Хоҷаева М.А., бемориҳои занона Сайфиддинова Ф., амрози гӯшу гулӯю бинӣ Бӯстонов М. ва дигарон назаррас мебошад. Ин ҳама барои дар оянда дар донишгоҳ ташкил кардани кафедраҳои марбута заминаи мусоид фароҳам меорад.

       − Пас, маълум мегардад, ки устодони донишгоҳ бо беморхонаҳои ноҳия робитаи устувор барқарор кардаанд. Ин албатта  ба манфиати аҳолӣ низ мебошад?

     − Ба табобат даст задани устодони донишгоҳ, инчунин саҳмгузории онҳо дар корҳои машваратию сарпарастӣ ва муолиҷаи беморон иқдоми нек аст. Бубинед, таи ду соли фаъолияти донишгоҳ наздики 8000 нафар маризон муоинаю муолиҷа карда шудаанд. Аз ин миқдор 500 адад амалиёти ҷарроҳӣ мебошад. Устодони донишгоҳ тақрибан ба 4300 нафар кӯдак ва зиёда аз 2400  нафар одамони гирифтори бемориҳои дарунӣ кӯмаки тиббӣ расонданд. Роҳбарияти ДДТХ мақсад дорад дар доираи ҳамкорӣ бо беморхонаҳои ноҳия ва истифода аз неруи илмию тахассусии хеш мактабҳои серсоҳа, чунончи, мактаби ҷарроҳон, мактаби табиби атфол, мактаби духтурони муолиҷ ва ғайраҳоро роҳандозӣ бикунад. Бовар дорам ҷавононеро, ки дар ин мактабҳо ба камол мерасанд, оянда дар кори тиббу табобат пирузиҳои назаррас интизоранд. Дар ин кор метавонанд устодони соҳибтаҷриба, аз қабили Ғафуров Б., Саидов И., Усмонова У. Х., Қузибоева Н. Қ., Аҳмадов Ш. Р., Саидова М. ва бисёр дигарон, ки аз ибтидо бори гарони таълиму тарбияи донишҷӯёнро бар дӯш доранд, саҳми беандоза гузоранд.

      – Махзани илму маърифати ҳар донишгоҳ китобхонаи он аст. Бигӯед, ки китобхонаи донишгоҳи шумо дар кадом ҳолат қарор дорад ва оё толибилмон бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд?

      – Кори таълиму тарбияро бидуни китобхона наметавон тасаввур кард. Китоб омили асосии пешбурди фаъолияти мактаби олист. Соли гузашта барои донишгоҳ ба маблағи 381 ҳазор сомонӣ 63 номгӯй ё 3450 нусха китоб харида шуд. Илова бар ин, аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 32 номгӯй бо теъдоди 2664 нусха ва аз ибтидо 74 номгӯй бо теъдоди 10400 нусха китобҳои зарурӣ   тӯҳфа карда шудаанд. Умуман, ДДТХ аз кӯмакҳои беғаразонаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино борҳо баҳравар гардидааст, ки барои ин ба раёсати донишгоҳ, хосса ба ректори он доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшо арзи сипос мекунам. Феълан фонди китобхонаи мо аз 1670 номгӯй ё 15372 нусха китоби таълимию бадеӣ иборат аст. Китобҳои таълимӣ 13349 нусха мебошанд. Аз ин миқдор 6302 нусха бо забони тоҷикӣ аст. Фонди адабиёти электронии донишгоҳро 42691 маводди таълиму тарбия ташкил медиҳанд.

       – Кадом нақшаҳои дигар пешорӯи шумо истодаанд, ки иҷрои онҳоро ҳатмӣ медонед?

     – Нақшаҳое, ки бояд амалӣ гарданд, хеле зиёд мебошанд. Чунончӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ гардондани фармону қарорҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, беҳтар намудани сифати омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва курсҳои компютерӣ барои омӯзгорон, дарёфти роҳҳои дастрас намудани таҷҳизоти тиббию озмоишгоҳӣ, сафарбар намудани ҳайати профессорону омӯзгорон ба курсҳои бозомӯзии касбӣ, баргузор намудани конфронсҳои илмию амалии олимони донишгоҳ, баргузор сохтани озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар кафедраҳои навтаъсис ва ғайраҳо. Умуман, корҳо ба қавле аз мӯи сар ҳам зиёданд.

    − То андозае, ки банда воқиф ҳастам, дар ДДТХ «Клуби сайёҳӣ» мавҷуд аст. Он чи гуна клуб аст ва кадом вазифаҳоро иҷро мекунад?

   − «Клуби сайёҳӣ» соли гузашта дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. То имрӯз дошишҷӯёну кормандони донишгоҳ чаҳор маротиба аз ҷойҳои таърихӣ ва мавзеъҳои зебоманзари вилояти Хатлон дидан карданд. Дар пешору нақшаҳои бисёр дорем, ки агар имконият даст диҳад, ҳатман амалӣ хоҳанд шуд.

    − Устод, сӯҳбат поён меёбаду шумо дар бораи проблемаҳои ҷойдошта ҳарфе назадед. Ё мумкин дар донишгоҳ проблемаҳо вуҷуд надошта бошанд?

     − Дар ҷое ки кор ҳаст, проблемаҳо низ пайдо мешаванд. Аммо бо номбар кардани онҳо дури мақсуд ба даст намеояд. Дастҷамъона аз паи дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо шудан лозим аст. Бовар дорам, ки бо кумаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Данғара ва вазоратҳои марбута ДДТХ аз ҷумлаи беҳтарин мактабҳои олии кишвар хоҳад шуд.

    − Гуфтаниҳои дигар ҳам доред?

    − Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба раиси ноҳия Маҳмадулло Сайдализода, сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ  Хизматулло Шамсзода, сардухтури Беморхонаи марказӣ Сайдалӣ Ғуломзода, директори мактаби Президентӣ Қурбоншо Абдуллоев ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён барои кумаку дастгирии беминаташон арзи сипос намоям.

   − Барои сӯҳбати самимӣ ташаккур.

Мусоҳиб Абдушукур РАҶАБЗОД