Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

       

        Дар гурӯҳи 203-и факултети педиатрӣ  дарси кушоди омӯзгори кафедраи биология  Султонмамади Гулмаҳмад  дар мавзӯи «Мубодилаи сафедаҳо. Роҳҳои умумии мубодилаи аминокислоатҳо» гузаронида шуд. Фанни биология дар донишгоҳҳои тиббӣ бо ихтисоси асосии толибилмон робитаи ногусастание дорад. Омӯзгор ҷавон бошад ҳам ин нуқтаи дарси худро хуб эҳсос карда, ҳангоми саволу ҷавоб ва пурсиши донишҷӯён алоқаи фанни худро бо тиб дар ҷойи аввал мегузошт.    Донишҷӯён низ  нисбати масъалаҳои баррасишаванда бо камоли ҷиддият  изҳори ақида мекарданд.  

      Дар дарси кушод  сардори шуъбаи таълим н.и.х.  Усмонова У.Х., мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи морфология ва физиологияи одам Зарипов И.А.мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ н.и.б. Чориев С.А.,  саромӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш., омӯзгори кафедраи мазкур Солиҳов Б.К, омӯзгори кафедраи морфология ва физиологияи одам Фаршеди Ибодулло ва сармутахассис оид ба назорати таълим Одинаев С.П. ширкат намуданд.

     Дар анҷоми дарс  сармутахассис сардори шуъбаи таълим Усмонова У.Х. натиҷаи дарси мазкурро ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба омӯзгор барои чунин як дарси аз ҷиҳати методию масъалагузорӣ дар сатҳи мувофиқ изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Шуъбаи таълим

Сармутахассис оид ба назорати таълим