Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

         Боиси хушнудӣ ва қаноатмандии раёсат, аҳли донишгоҳ ва муҳассилини Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    гардид, ки рӯзи 12-уми феврали соли 2018 маводу таҷҳизоти зарурии таълимии тиббӣ дастрас карда  шуд. Кӯмаки мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, аз скелету устухонҳои косахонаи сар, муляжҳои гуногун, воситаҳои таълимӣ узву системаҳои мухталиф, планшетҳои релефӣ, маникен-машқдиҳандаҳои гуногун ба мақсади омӯзондани малакаҳои клиникӣ, отоскоп,  ларингоскоп, электрокардиограф, глюкометр, термостат ва ғайраҳо иборат аст. Маблағи умумии маводҳои дастрасгардида зиёда аз 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  На фақат роҳбарияти донишгоҳ, балки донишҷӯён бо камоли шавқмандиву кунҷковӣ аз ин таҷҳизоту василаҳои таълимӣ - муляж ва дигар таҷҳизоти тиббӣ дидан карданд.

 

      Боварӣ дорем, ки чунин иқдомҳои наҷибона нисбати донишгоҳи навтаъсиси тиббӣ боз ҳам бештар роҳандозӣ гашта, ба ин васила заминаи моддию техникии донишгоҳи азизамон мувофиқи талаботи тибби муосир ва стандартҳои байналмиллалӣ таҳким хоҳад ёфт. Аз номи роҳбарият ва раёсати донишгоҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус вазири муҳтарам Олимзода Насим арзи миннатдори хешро изҳор менамоем. Боварӣ дорем, ки чунин кӯмаку дастгириҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа