Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 “Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯйи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 50-умро соҳиб шудааст.” 

 “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

        Ин натиҷаи назаррас дар давоми ду соли охир аз амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ  баҳри беҳтар намудани вазъ дар самтҳои илму маориф, тандурустӣ ва умуман, ҳамаҷониба таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарбаланди тоҷик дарак медиҳад.  Имрӯзҳо ғамхориҳои ҳукумати мамлакат баҳри рушди самтҳои мазкур хело зиёд буда, таъмини мардум бо мутахассисони соҳавӣ  низ рӯз то рӯз меафзояд. Маҳз барои иҷрои ин мақсад, яъне беҳтар намудани сатҳи некуаҳволӣ, таъмини мардум бо кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб соли 2016 бо ташаббус ва иќдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуд. Ба мо, ҳамчун ҷавонони саодатманди ин диёр муяссар шуд, ки донишҷӯёни аввалини донишгоҳи мазкур  гардем. Натиҷаҳои таҳсили соли аввал нишон доданд, ки ташкили ДДТХ иқдоми нек, саривақтӣ ва барои ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат хеле ҳам зарур ва сариваќтї ба ҳисоб меравад. Аз таъсиси донишгоҳи  мазкур муддати зиёд сипарӣ нагардида бошад ҳам, муваффақиятҳои пайдарпайи устодону  муҳассилини донишгоҳ аз сатҳу сифати баланди таълим дарак медиҳанд.

       Илова бар ин, дар ин миён эълон намудани  соли 2017  ҳамчун соли ҷавонон барои кулли ҷавонони кишвар, алалхусус мо- донишҷӯёни ДДТХ руҳи тоза ва тавоноии зиёд бахшид.  Ин буд, ки мо- донишҷӯён бо майлу рағбат ва саъю кӯшиши зиёд дар ҳама чорабиниҳои ҷамъиятӣ, озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, махсусан, дар Олимпиадаҳои фаннӣ  ширкат варзида, ғолиб  ва сазовори  ҷойҳои намоён гардидем. Бо изҳори миннатдорӣ аз Ҷаноби олӣ,  ба ивази ҳама ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи эшон ба насли ҷавон, инчунин бо дарки баланди қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватани азизамон – Тоҷикистон, сарфи назар аз анҷоми ин соли пур аз барору комёбиҳо, мо пайравони Пешвои миллат нигоҳдорандагони ҷомеаи солим, ташаббускори амалҳои созанда, дастовардҳои илмиву эҷодӣ, мубориз ба муқобили зуҳуроти номатлуб гардида, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат доимо омода ҳастем. Таъриху фарҳанги халқамонро аз сидқ гиромӣ медорем ва барои  ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон тамоми қувваву нерӯи худро дареғ намедорем.

Бибисоро Комилова, донишҷӯи ДДТХ,

барандааи стипендияи Кумитаи ҷавоно ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ,

ғолиби озмӯни Донишҷӯи соли -2017