Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

          Рӯзҳои 26-27–уми январи соли 2018 дар шаҳри Кӯлоб  дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ чорабинии лоиҳаи ҷадид таҳти унвони «Дар меҳмонии ректор»,  баргузор гардид. Дар ҳошияи ҳамин чорабинӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони  <<Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон >>  роҳандозӣ гардид. Дар конфронс дар баробари донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчунин намояндагони дигар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ низ иштирок ва баромад намуданд. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро бошад,мо донишҷӯёни курси  дуюм Ҳайдаров М., Ҳабибова З. ва Зуҳуриддинов Т.  намояндагӣ намудем.

        Конфронс бо суханҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло оғоз ёфта, сипас маърӯзаҳои ҷолиби диќќати мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ҳамин донишгоҳ, Далер Каримов дар мавзӯи  <<Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар пешравии ҷомеаи ҷавонон>>, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ, Раҷабалӣ Икромов дар мавзӯи  <<Ҷавонон ҳимоятгари дастовардҳои даврони истиқлолият>>  ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДД, Музаффар Саидов  <<Ҷавонон пайрави Пешвои миллат>>  шунида шуданд.

         Пас аз анҷоми конфронс тамоми иштирокдорон   бо ташкилёбии донишгоҳ, таърих, дастовардҳо ва сохтори бинои нави донишгоҳ шинос шудем, сипас дар толори фарҳанги ДДК ба номи А. Рӯдакӣ шоми ҷавонӣ таҳти унвони  <<Пояндаю ҷовид бод, Ваҳдати ҷавонон >>  бо як шукуҳи шаҳомати беандоза баргузор гардид, ки аз он ҳаловати маънавӣ бурдем.

         Мо аҳли иштирокчиёни конфронс аз маърифати баланди меҳмоннавозии сокинони шаҳри Кӯлоб, ҷавонони ин донишгоҳ ва масъулони ин чорабинии илмӣ – амалӣ миннатпазир буда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфронс ба масъулон изҳори сипос намудем. 

 Ҳайдаров М.И., донишҷӯи  курси дуюми факултети педиатрӣ

Зуҳридинов Т. донишҷӯи курси дуюми  факултети педиатрӣ

Ҳабибова  З. донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ

Деканати факултетҳо , шуъбаи кор бо ҷавонон