Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

       Боиси хушнудист, ки солҳои охир намояндагони ВАО бо истифода аз минбари озоди сухан бисёр масъала ва камбудиҳои муҳиму ҳалталаби ҷомеаи кишварро тавассути расонаҳои хабарӣ ба самъи  мардум расонида, дар роҳи  ҳаллу фасли онҳо кӯшишу саҳмгузорӣ менамоянд. Маҳз бо ҳамин мақсад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15  сентябри соли 2011, таҳти  №АП – 1729 «Дар бораи баргузор намудани нишастҳои матботӣ бо намояндагони ВАО» ба тасвиб расидааст, ки ба маврид ва саривақтӣ мебошад. Тибқи ин санад тамоми муассисаҳо, идораҳо, вазорату кумитаҳои давлатӣ вазифадор гардидаанд, ки бо намояндагони васоити ахбори омма ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд.

       Дар ин замина, санаи 01 – уми феврали  соли 2018 дар толори маҷлисии донишгоҳ  нишасти матбуотӣ доир гардид.  Лозим ба қайд аст, ки  вохӯрӣ бо намояндагони ВАО тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12 соли 2017 амалӣ карда шуд.

 

                Дар нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО, рӯзноманигорон:    З. Азизӣ – «Радиои маҳалии Данғара», Маҳинов М. – рӯзномаи «Садои Данғара», Маъмурзода Н. – рӯзномаи «Хатлон», Шарипов Б. – рӯзномаи «Баҳори Аҷам»,Шарифов А – рӯзномаи «Омӯзгор», Достиев А. –рӯзномаи «СССР», А. Иброҳим – рӯзномаи «Пайк»,  Ҳасанова О., Аҳмадов А. – ТВ «Хатлон»., Мирзоев М. –ТВ «Сафина», Шарифов М. – ТВ «Ҷаҳоннамо», Сотиев М – «Новый Хатлон»,  Раҷабзод А. – «Пайки Шифо», роҳбари Хадамоти матбуотии вилояти Хатлон Файзалиев Т. ва ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳи тиббӣ иштирок намуданд.

        Сараввал  аз ҷониби ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор У. Қурбон  нисбат ба ҳамаи самтҳои фаъолият,  дастовардҳои назаррас ва мушкилиҳои дар Донишгоҳ ҷойдошта,  дар   соли 2017 ва ҳамзамон доир ба корҳои анҷомёфта дар давраҳои таъсисёбии ДДТХ дар муддати 20 дақиқа ҳам тариқи шифоҳӣ ва ҳам тариқи слайд – намоиш,  маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

          Сипас аз тарафи рӯзноманигорон ба ректори донишгоҳ У..Қурбон  оид ба  шароитҳои таълиму тарбия,  нишондодҳои сатҳу сифати даълим, давомоти донишҷӯён, ҳолати  маишии донишҷӯёну омӯзгорон, теъдоди қабули донишҷӯён дар соли 2017, норасоии мутахассисон дар самтҳои гуногуни соҳа, сатҳи касбияти ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, корҳои сохтмонии иншоотҳои ДДТХ,  робита ва ҳамкориҳои роҳбарияти донишгоҳ бо беморхонаҳои ноҳияи Данғара, дар бораи фаъолияти  муолиҷавии  ҳайати профессорону омӯзгорони тахасусӣ дар беморхонаҳо, оид ба маблағгузории донишгоҳ, вазъи заминаи моддӣ –техникии донишгоҳ,  инчунин  оид ба дастовардҳо ва тадбирҳои ҳавасмандкунии  омӯзгорони ҷавон ва ғайра  саволҳо  пешниҳод  шуданд.

          Ба саволҳои намояндагони ВАО  аз ҷониби  роҳбари Донишгоҳ ва ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ, ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид

 

Пресс-релиз 2017 >>>

                                                                                                                                                                                               

                                                                                                                     Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа