Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

       

       Дар ҷомеаи имрӯза, дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавондухтарон хеле муҳим аст. Агар бонувон соҳиби дониши босифат набошанд ва ҷои кори муносибе барои татбиқи ниятҳои илмии худ дар Ватан пайдо карда натавонанд, пас чӣ гуна миллат аз ҷавондухтарон, аз модарони оянда, умеди ояндаи нек карда метавонад?

        Дастрасӣ доштан ба дониши сифатнок ва пайдо кардани кори мувофиқе ба касбу зиндагӣ шарти асосии муваффақияти ҳар як бону аст, чунки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад. Ободкунандаи ҷомеаю оила ва чароѓи ҳар як хонадон ин зан мебошад.

       Сарвари давлат қайд намудаанд: «Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад». Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол сафи занони фаъолу соҳибтаҷриба зиёд гардида, барои пешбурди илму техника саҳми сазоворе гузошта истодаанд.

       Истифодаи самараноки неруи созандаи бонувон яке аз омилҳои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва болоравии сатҳи худшиносию худогоҳии мардум хоҳад шуд. Инъикоси нақшу мақом ва симои зан дар оинаи таърих хеле ҷолибу муассир аст. Замоне буд, ки зан мақому манзалати хосае дошт ва таърих он давраро бо номи давраи «Модаршоҳӣ» ёд мекунад.

      Биҳоҷал Раҳимова аввалин духтари касби энергетикро интихобкардаи тоҷик буда, вақти таҳсил дар байни 23 нафар ҳамсабақон ягона духтар буд. Дар натиҷаи заҳматҳояш аз коркуни комитети маркази комсомол то ба дараҷаи ҷонишини раиси Шӯрои вазирони ИҶШС расидааст. Баъди пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ дар соли 1992 ҷонишини вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Соли 1995 бошад, директори заводи «Садаф» таъин шуда буд.

      Варзишгардухтари тоҷик Зебунисо Рустамова дар камонварӣ чемпиони ҷаҳон (1975) чемпиони чандинкаратаи Аврупо гардида, Тоҷикистонро дар ин намуди варзиш ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Комёбиҳои ӯ баландтарин қуллаест, ки як зани тоҷик дар соҳаи варзиш ба даст овардааст.

    Зебунисо қаҳрамони 15 каратаи ИҶШС ва қаҳрамони 20 каратаи камонварии Тоҷикистон мебошад. ӯро беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф кардаанд. Албатта, кас аз чунин неру ва иродаи зани тоҷик эҳсоси ифтихору сарбаландӣ карда метавонад.  

       Мавзуна Чориева аввалин варзишгардухтари тоҷик аст, ки дар соҳаи бокс ба бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифта, аз он ҷо бо медали биринҷӣ баргаштааст, ки ин дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолист. Ҷавондухтари тоҷик муштзани маъруф, чемпиони чандкаратаи Осиё ва Аврупо Мавзуна Чориева номбардори миллати тоҷик ва парчамбардори Тоҷикистони азизамон мебошад.  Вай собит кард, ки муштзанӣ танҳо кори мардҳо нест, балки ба ҷасорати инсон вобаста аст. Айни замон Мавзуна  тренери зиёда аз даҳ нафар духтарони муштзан аст.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии бонувон ва таъмини онҳо бо  ҷойҳои корӣ, дар асоси донишҳои духтарон аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷии онҳо диққати махсус дода, пешниҳодҳои бонувонро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамояд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавондухтарон пайваста таъмин месозанд.

      Ҷавондухтарон рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ҳифз намуда, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.

        Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 ро дар Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон доштанд. Ҷавондухтарону ҷавонписарон аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу равони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ донистанд.

       Дар шароити имрӯза дар пешбурди рушди устувори минбаъдаи кишвар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми занони фаъол: Озода Раҳмон, Марҳабо Ҷабборӣ, Гулнора Ҳасанова ва дигарон хеле назаррас мебошад.

       Хулоса, рисолати ҷавондухтарони мо дар рушду пешбурди соҳаҳои гуногуни ҷамъият, махсусан илм назаррас аст. Ҳар як ҷавондухтар барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва илму заковати худ пайваста кушиш намояд ва дар сайқал додани он тамоми неруи ҷавонона, ҷидду ҷаҳди худро равона созад. Барҳақ фармудаанд:

                                  Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад,

                                  Ба пешаш сад писар муҳтоҷ гардад.

 

Донишҷӯи курси 204,

факултети педиатрӣ

Самадов Саддамҷон