Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   Рӯзи 4-уми ноябри соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон   ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Ҷамъомадро ректори ДДТХ, Узви вобастаи АИТ ВТҲИА ҶТ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ  бахшида, қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллат ҳисобида мешавад.  Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ба ҳисоб меравад. «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат  ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд» - гуфтааст Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,

      Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф. Гулов А.А. дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили рушди муътадили ҷомеа»» маъруза намуданд. Таъкид карда шуд, ки Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.

    Донишҷӯён Комилова Б., Адибаи Рустамдухт, Сафарова М., Баҳовиддинова Ш. дар васфи Конститутсия порчаҳои шеъриро қироат намуданд. Баҳри болидахотирии ҷамъомадагон Шукуров А., Абдуллоев М. сурудҳои марғуберо пешкаш намуданд.

   Ба ҷамъомад ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни анҷом бахшида, бори дигар ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ташкилкунандагони маҳфил арзи миннатдории хешро баён намуданд.

 

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ