Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

     Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон  (9-уми сентиябри соли 1991) қабул шудани Конститутсия яке аз дастовардҳои азими халқи тоҷик гардид. Конститутсия ба яке аз сарчашмаҳои боэътимоду асосии таъминкунандаи ҳаёти муътадилу осоиштаи ҷамъиятию давлатии ҷумҳуриамон табдил ёфт.

       Аҳамияти таърихии ин санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ, ки сиёсати давлатӣ ва ҳуқуқҳои  шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст, ниҳоят бузург аст. Конститутсия  аввалин маротиба дар тамоми давраи мавҷудияти  чандҳазорсолаи миллатамон ба таври ҳуқуқӣ, қонунӣ  ба ҷаҳониён соҳибистиқлолии санаи  9-уми сентиябри соли 1991 бадастовардаи давлати мо ва роҳи интихобкардаи халқамонро дар давлатдории муосиру тамаддун эътироф ва эълон намуд. Дар моддаи аввалини  он  орзуву ормони чандинсолаи халқамон сабт шуда, ки халқи мамлакати мо тарафдору бунёдгари давлати дунявӣ, ягона, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Конститутсия дар шароите таҳия ва ба муҳокимаи умум гузошта шуда буд, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ҳанӯз барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ вобаста ба сохтори давлатдорӣ талош доштанд. Бо назардошти иродаи аксарияти мардуми  кишвар  таҳия, мураттаб ва қабул гардидани Конститутсия ба нофаҳмиҳо ва саволҳои сершумори онҳое, ки ба ояндаи Тоҷикистон чандон эътимод надоштанд, ҷавоби аниқ  дод.

     Бинобар ин, ҳар як фарди ҷумҳуриамон бояд пурраву  ҳартарафа ба дарки қадру қимати чунин муқаддасоти конститутсиониамон чун  маҳфумҳои давлати  дунявӣ, ягона,  демократӣ,ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ бирасад, ин арзишҳоро пурра дарк намояд ва барои  ҳар чи зудтар амалӣ гаштани ин мақсаду маром, ормони пешгирифтаи халқамон сақмгузор бошад.

        Аз ин рӯ, ҳар сол рӯзи Конститутсияамонро  мо бо ифтихору қаноатмандӣ ҷашн мегирем. Ҳамасола ҷашнгирии рӯзи Конститутсияи Ватан дар тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ зебоипарастӣ ва ҷисмонии насли ҷавону наврас нақши басо назаррас мебозад. Мақсади ниҳоии баргузории чорабиниҳо,  бахшида ба ин санаи муҳими  таърихӣ  ин дар замири ҷавонону наврасон, ки ояндаи миллат ба  дасти онҳост,  ташаккул додани шуурнокии шаҳрвандӣ, ботинан эътиқодманд будан бо зарурияти риоя намудани меъёрҳои  ахлоқию ҳуқуқии ҳаёти ҷамъият мебошад.

         Тарбияи ҳуқуқӣ як ҷузъи таркибии корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишкадаву донишгоҳҳо ба шумор меравад. Он  дар нақшаи кори солонаи муассиса, нақшаҳои кории деканату роҳбарони гурӯҳ ва ташкилотҳои ҷамъиятии муассиса  инъикос меёбад.  Яъне  тарбияи ҳуқуқӣ чорабинии яклаҳзагӣ набуда, он дар давоми соли таҳсил, мунтазам  идома меёбад.

        Дар асоси ин ҷашни миллӣ,  дар ДДТХ имрӯзҳо  чорабиниҳои зиёд доир ба  тарбияи ҳуқуқии донишҷӯён роҳандозӣ мегардад.  Оид ба тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани  маърифати  ҳуқуқии донишҷӯён, васеъ намудани доираи фаҳмишу ҳисси дарки  онҳо нисбати вожаҳои   Ватан, Фарҳанг, Таърих, Қонун, Ҳуқуқ, Шараф, Виҷдон, Нанг, Номус ва ѓ.  дар давоми  соли таҳсил бисёр  корҳо  ба сомон расонида шудааст.  Лозим ба қайд аст, ки дар доираи маҳфилҳои амалкунандаи донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани  маърифат ва тарбияи  ҳуқуқии донишҷӯён,   доир ба масоили ҳалталаби ҳуқуқӣ ва меъёрӣ мунтазам вохӯриҳо  доир гардида, инчунин  баҳсу мунозираҳо, сӯҳбату шабнишиниҳо, озмунҳо, бозиҳо, ҷамъомаду вохӯриҳо дар донишгоҳ ва дар хобгоҳи донишҷӯён, гузаронида мешавад.  

      Ҷиҳати ҷоннок намудани муносибатҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ  ва дигар мақомоти қӯдратӣ,  ки  бевосита ба  доираи  вазифаву салоҳияти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон, Шӯрои  занон  ва иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯёни донишгоҳ  рост меояд, имрӯзҳо аз ҷониби шахсони масъули сохторҳои болозикр корҳои зиёде  дар ДДТХ ба сомон расонида шудааст.

          Зимнан, аз худ намудани донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ  дар тафакур ва маърифати ҳуқуқии инсон аз фарҳанги ҳуқуқии он вобаста  мебошад. Ин аз он шаходат медихад, ки давлати мо имрӯз дар  давраи босуръати гузаришҳо  ва барқарорсозиҳо  қарор дорад. Инчунин дар шароити имрӯза -давраи гузариш  ба тафакури шаҳрвандон, махсусан дар ҷавонон ташакул ёфта ва мустаҳкам гардида истодааст, ки ин  барои ба  даст овардани сатҳи хуби ҳаёт дар асоси талаботҳои ҷомеаи  демократӣ,   ҳуқуқбунёд ва дунявӣ имконпазир мебошад.

 

Ахмедов Ш.Р. – досенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ