Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

       Рӯзи 31 октябри соли 2017, соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистону мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбии гуруҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали муттаҳидаи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Барномаи рушди нерӯ ва моликиятии зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 семинар-машварати омӯзишиву фаҳмондадиҳӣ  баргузор гардид.  

       Сараввал Насриддинзода Рамазон- мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб  суханронӣ намуда, ҳамагонро  аз номи раиси ш.Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло барои иштирок дар ин семинари илмӣ хайрамақдам гуфта, ба ташаббускорону дастандаркорони ин машварати омӯзишӣ арзи сипосу миннатдори баён намуд.

       Сипас аз тарафи намояндагони раёсати илмӣ-тадқиқотии МД “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусайни Абдукарим ва Миралиев Қиёмиддин  оид ба мавзуъҳои зерин маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд:

  • Интернет-портали миллии инноватсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон;
  • Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ;
  • Намудҳои фаъолияти инноватсионӣ ва
  • Моҳияти бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ.

        Дар ин чорабинӣ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ассистенти кафедраи морфология ва физиологияи одам-Холов Шарафҷон иштироки фаъолона дошт.Дар охири семинар, музокироти илмӣ барпо гашта, иштирокчиён ба суолҳои хеш аз масъулин посухҳои лозимиро гирифтанд.

 

Пешниҳод кард: Холов Ш.И.