Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

          Санаи 30.10.2017с. бо иштироки ҳамаи донишҷӯдухтарони ДДТХ маҳфили «Олиҳаи тиб» дар мавзӯи «Либос - ҷузъи фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки афзоиши таваҷҷуҳи занону духтарони тоҷик ба пушидани либосҳои сиёҳу бегона, бахусус сатру бурқаъ як раванди ташвишовар, ташвиқи либосҳои бегона, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарон аст. Аз ин сабаб зарурияти гузаронидани чунин як ҳамоиш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба амал омад.   

         Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ донишҷӯёнро бо иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба аз нав зинда сохтани пироҳани миллии тоҷикона шинос намуда, онҳоро барои ҳамаҷониба дастгирӣ намудани ин иқдом даъват намуданд. 

         Қайд карда шуд, ки имрӯз тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор байни занону духтарон ба мушоҳида мерасад. Либоси миллӣ нишоне аз таъриху фарҳанги қадимаи ҳар як халқу миллат аст. Нигаҳдории либоси миллӣ ва аз насл ба насл мерос гузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар як зани соҳибхирад аст.

         Сипас, аз тарафи донишҷӯён муаррифии сару либоси миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Либосхои миллии манотиқи мухталифи Точикистон хотирмону дилнишин буд. Кас хайрон мемонад, ки бо чунин нафосату зебогии либоси тоҷикона шахс чӣ гуна метавонад ба фарҳанги либоспӯшии бегона майл намояд.                                          

         Навор оид ба тағйир ёфтани фарҳанги либоспӯшии зани тоҷик дар муддати сад соли охир ба донишчуён тассуроти хубе бахшид.

        Намоиши либосҳои миллии эчодкардаи тарроҳони шинохтаю барҷастаи тоҷик бо эҳё кардани фарҳанги либоси қадимаи тоҷик, таҷассум намудани нақшу нигори миллӣ дар либосҳои муосир, дар шакли замонавӣ офаридани пироҳани тоҷикона бо омезиш додани шакли либоси миллӣ бо аврупоӣ дар муд инқилоби бузурге ба вуҷуд оварда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

        Дар охир раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ махфилро чамъбаст намуда, ба донишҷӯ духтарон барои иштироки фаъолонаашон арзи миннатдории худро баён намуданд.   

 

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ