Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

“ТАШАККУЛИ ЭҲТИРОМ БА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзҳои 24-25 октябри соли 2017 дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ-СУМЗ (Всемирной Организацией Интеллектуальной Собственности-World Intellectual Property Organization) семинари минтақавӣ дар мавзӯи “Ташаккули эҳтиром ба моликияти зеҳнӣ” баргузор  гардид.

Дар ин семинар - машварат олими ҷавон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Холов Шарафҷон дар асоси мактуби расмии директори МД “Маркази милии патенту иттилоот” аз 19.10 соли 2017, таҳти №353/01.1. иштирок варзид.  Барномаи семинар аз тарафи Бюрои байналмиллалии СУМЗ омода шуда буд. Сараввал директори МД “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода   кори семинарро кушода эълон намуда, кулли иштирокчиёни ватаниву меҳмонони хориҷиро аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Беларус, Малдова ва судяву прокурорҳои байналмиллалиро  шодбош гуфт. Пас аз он  Иля Грибков- иҷрокунандаи вазифаи сардори бахши кишварҳои Кафқоз, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Раёсати кишварҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Женева ҳозиринро ба моҳияти ин семинари минтақавӣ шинос намуда, ба  пурраги хизматрасониҳои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳниро  шарҳ дод.

 Дар давоми 2 рӯз  аз тарафи иштирокчиёни ватанӣ ва хориҷӣ бобати мавзуъҳои мубрами зерин  баромадҳо карда шуданд:

  • Ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ(МЗ) дар базаи меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Роҳҳои боандеша ба ҳифзи ҳуқуқҳои МЗ: ташаккули эҳтиром ба МЗ;
  • Ҳифзи ҳуқуқҳои МЗ-таҷрибаи Тоҷикистон;
  • Риояи ҳукуқҳои МЗ-базаи меъёрию ҳуқуқӣ ва истифодабарии он-ҳисоботи кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон;
  • Муносибат ва огоҳии истеъмолкунандагон-баландбардории огоҳӣ ҳамчун қисми ташаккули эҳтиром ба МЗ;
  • Ҳифзи ҳуқуқҳои МЗ, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва қарори пешниҳоди эътироз;
  • Қалбакикунонии тамғаҳои молӣ, поймолкунии ҳуқуқҳои муаллиф дар сатҳи саноатӣ (Контрафакция товарных знаков, пиратство в сфере авторского права в промышленных масштабах);
  • Тадқиқоти ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи МЗ, шубҳа ва далелҳои асоснок;
  • Далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи МЗ дар мурофиаи судӣ;
  • Ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ ва муҷозот нисбати қалбакикунонии тамғаҳои молӣ ва асардуздӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф;
  • Ҳифзи марзии ҳуқуқҳои МЗ;
  • Воситаҳои ҳимояи шаҳрвандию ҳуқуқӣ: амрҳои судӣ ва зарарҳо;
  • Нобудкунии молҳои қалбакӣ дар асоси ҳуқуқи адолатона;
  • Ҳифзи ҳуқуқҳои МЗ дар муҳити рақамӣ;
  • Сенарияи омӯзиши таҷрибавӣ;
  • Нақши дорандагони ҳуқуқ дар ҳифзи ҳуқуқҳои МЗ;
  • Рушди таҷрибаи судӣ дар самти риояи ҳуқуқҳо ба тамғаи молӣ ва ҳуқуқҳои муаллиф;

 

Дар интиҳои ин семинар бошад мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳамкориҳои стратегӣ дар мубориза бо поймолкунии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ” барпо шуда,  пас аз ибрози андешаҳо, ҳозирин ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Холов Ш.И.

28.10 соли 2017