Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

       Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    бо андӯҳу сӯгвории зиёд аз вафоти дотсенти кафедраи акушерию гинекологии № 1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Мирсабурова Роҳат Тоҷиевна изҳори тасаллият менамояд. Ин омӯзгори варзида, собиқадори соҳаи акушерию гинекологии ҷумҳурӣ умри худро сарфи таълиму тарбияи табибон намуда, худ ба рисолати баланди омӯзгорию табибӣ соҳиб гаштааст. Қалби бонуе аз таппидан боз монд, ки насли зиёди табибони варзидаи ҷумҳурӣ аз дарёи донишу малакаи ӯ об хурда, худ мисли устоди меҳрубонашон соҳибкасбу баландмақом гаштаанд.

       Мирсабурова Роҳат Тоҷиевна соли 1935 дар шаҳри Чорҷӯи Ҷумҳурии Туркманистон чашм ба олами ҳастӣ кушода, солҳои 1951-1955 дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Керкии Турманистон таҳсил намудааст. Баҳри боз ҳамткамилу сайқал додани дониши тиббии худ таҳсилро дар таълимгоҳи олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  идома дода, соли  соли 1961 онро хатм менамояд. Сипас дар ординатураи клиникии кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва аспирантураи кафедраи мазкури донишгоҳи тиббӣ Дониши андӯхтаи худро оид ба тиб таҳсил намуда, яке аз ташкилотчиён ва мудири кафедраи акушерию гинекологии факултети такмили ихтисоси табибон дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Мирсабурова Роҳат Тоҷиевнаро пеш аз ҳама сбабҳои фавти модарон сахт ба ташвиш меовард ва дар ин ҷода корҳои илмию тадқиқотии худро ба роҳ монда, оид ба масоили гуногуни бемориҳои занона зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, 3 дастури таълимӣ таълиф намудааст. Профессор Мирсабурова Р.Т. Аълочии тандурустии СССР, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Аммо мукофоти аз ҳама баландтарини ин олимаи пуркор хотираи неки ҳазорон шогирдону ҳамкоронаш мебошад.

       Албатта, аз байни мо рафтани чунин олимаи пуркору хирадманд фоҷиаи хеле бузург аст, аммо як чиз моро тасаллӣ медиҳад, ки шоири зиндаёд фармудааст:

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!

       Аз номи раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    ба наздикону пайвандони Мирсабурова Р.Т.  сабри ҷамил хоста, бо боварии том гуфта метавонем, ки ёди ин бонуи роҳпаймои илми тибби умрбод дар қалби мо боқӣ хоҳад монд:

Ёди ту ҳама дар дили мо бошад,

Меҳри ту чароѓи манзили мо бошад.