Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

      Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 дар МТМУ № 9 ҷамоати деҳоти Сангтуда ва бо аҳли ҷамоатчигии деҳоти мазкур, хонандагони мактаб ва сокинони деҳот вохӯрӣ баргузор намуданд Дар вохӯрӣ У. Қурбон – роҳбари гуруҳ, Расулов Ғ. – сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулҳаев К.А. – дотсенти кафедраи  фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Гулов А.А. - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи ҷомеашиносии ДТТХ, номзади илмҳои фалсафа, Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳои ДДТХ, Садриддин Сайдализода – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои раиси ноҳияи Данғара,  Назирзода Нодир – роҳбари дастгоҳи суди ноҳияи Данғара, Абдулов Олим – мутахассиси танзим ва дини назди ҷамоати деҳоти Сангтуда  ширкат намуданд. Садри маҷлис  ҳозиринро шодбош гуфта, дар бораи сабабҳо ва зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур, инчунин аз ҳадафи баргузории ҷамоади имрӯза сухан намуданд. Сараввал сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ғафур баромад намуда, қайд намуданд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ соли сипарӣ гардида, барои даровардани тағйиру иловаҳо он ба муҳокимаи умумихалқӣ  гузошта шуда буд. Ниҳоят 28-уми августи соли равон тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Сипас ҳозиринро бо мазмуну моҳияти ин тағйироту иловаҳо шинос намуданд.

      Дотсенти кафедраи  фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Абдулҳаев К.А. оид ба ҷиҳати фалсафии  қонуни мазкур сухан ронда, моҳияти бисёре аз бандҳои онро бо ҳадису ояҳои Қуръони маҷид собит намуданд.

      Назирзода Нодир – роҳбари дастгоҳи суди ноҳияи Данғара дар бораи моҳияти қонун ва бандҳои алоҳидаи он суханронӣ намуданд. Мутахассиси танзим ва дини назди ҷамоати деҳоти Сангтуда Абдулов Олим дар бораи татбиқи қонуни мазкур дар ҷамоати деҳот ибрози назар намуданд.

    Сипас аҳли нишаст, махсусан, пирони рӯзгордида саволҳо дода посухи қаноатбахш гирифтанд. Хонандаи синфи 11-уми мактаби мазкур Аббосова Фотима аз номи ҷавонон ҳозиринро хайра мақдам гуфтанд. Дар маҷмуъ, вохӯрӣ бо як рӯҳи баланди худшиносии мардум баргузор гардида, аҳли нишаст аз баргузории он изҳори қаноатмандӣ намуданд .

Одинаев С. – аъзои гурӯҳи таблиғотӣ