Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

     Рӯзи 23-юми сентябри соли 2017 дар саҳни донишгоҳ ҳамоиши ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    бахшида ба бузургдошт ва таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ – қофиласори назми классикии форсу тоҷик баргузор гардид. Қайд кардан зарур аст, ки ҳанӯз аз оғози ҳафта дар тамоми гурӯҳҳои таълимӣ бо ибтикори кафедраи забонҳо оид ба мақоми устод Рӯдакӣ дар осмони илму адаби дунё суҳбатҳо гузаронида шуда, аз тарафи донишҷӯён   порчаҳои шеърӣ аз ашъори ин абармарди фарзонаи шеъри форсӣ қироат карда шуда буд.

      Ҷамъбасти он дар ҳамоиши мазкур баргузор гардид. декани факултетҳо н.и.т Саидов И.З. оид ба зиндагонӣ, осору мавқеи Одамушшуаро маъруза намуда,  қайд намуданд, ки сардафтари адабиёти оламшумули форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ хамчун бузургтарин муҷассамаи кохи  мӯҳташами назми форсизабон ва устоди забардасти каломи мавзуни дарӣ ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш машҳур гардида, осори гаронбаҳои пурмазмуну муассир ва рӯҳангезу ҳикматомезаш дар дили аҳли адаб ва мардум маъво гирифта буд. Шӯҳрати устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ашъори пуршӯр ва саршори панду андарзи ӯ на танҳо дар ватанаш Мовароуннаҳру Хуросон, балки ба мурури замон дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна паҳн гардида, имрӯз мавриди писанди ҷаҳониён гардидааст.

     Сипас мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. дар мавзӯи «Бузургон дар ситоиши Рӯдакӣ» сухан ронда зимнан қайд намуданд, ки устод Рӯдакӣ бо хизмат ва мақоми таърихии худ аз ҳудуди маданияти халқи тоҷик берун мебарояд. Вай на танҳо асоси адабиёти тоҷикро гузошт, балки бунёди тамоми адабиёти форсизабононро устувор кард. Аз ин ҷиҳат ӯро эрониён, афғонҳо ва дигарон барҳақ чун поягузори адабиёти худ мешиносанд ва мӯҳтарам медоранд.

     Сипас композитсияи адабию фарҳангӣ «Бӯи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме» дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонда шуд. Донишҷӯён Ғайратова Н., Шакирова Ф., Баҳодурова Т., Бобоҳоҷиева А., Маҳмудҷонов А., Ҳошимзода С., Гадоев М., Қудратова Б., Камолова З., Тиллоева М., Нилуфари Алишер аз ашъори устод Рӯдакӣ порчаҳои шеъриро қироат намуданд. Донишҷӯи соли аввал Шукуров А. баҳри фароғати ҳозирин суруди «Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме»-ро бо садои марғуби дилнишини худ суруданд.

       Маҳфидро муовини ректор оид ба таълим н.и.х., дотсент Ғафуров Б.А. ҳусни анҷом бахшида, аз номи  раёсати донишгоҳ ба созмондиҳандагон ва иштирокчиёни ҳамоиш бахшида ба бузургдошти Одамушушаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ арзи миннатдорӣ намуданд.

 

                                                           Кафедраи забонҳо