Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Дар доираи «Соли рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рӯзҳои 20-21-уми апрели соли 2019 сафари донишҷӯёни гурӯҳи 105-и тиббӣ ба мавзеи таърихии Ҳулбуки Восеъ ва Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод ташкил карда шуд.
    Дар маҷмаи таърихии Ҳулбук бо якчанд нафар сайёҳони хориҷӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамсуҳбат шудем. Чанд нафар донишҷӯён, ки забони англисиро хуб балад буданд, вазифаи тарҷумониро адо намуданд. Зимни суҳбат сайёҳони хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ба ваҷд омаданашонро қайд намуданд. Як чиз боиси ифтихору хурсандии мо гардид, ки сайёҳони хориҷӣ дар баробари онҳое, ки дар пояи ин қалъаи машҳури таърихӣ ба базми арӯсӣ ҷамъ омада буданд, дар ҳавои сурудҳои тоҷикӣ рақси зебои шарқиёна карданд. Донишҷӯён гаштаю баргашта аз зери ҳавои сурудҳои тоҷикӣ арғушт рафтани саёҳоне, ки аз гӯшаи дигар олам – Амрико омадаанд, изҳори тааҷҷуб ва хушнудӣ менамуданд. Директори маҷмаи таърихии Ҳулбук, бо забони англисӣ барои сайёҳони хориҷӣ ва бо забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни мо дар бораи ин қалъаи таърихӣ иттилооти муфассал медоданд .
    Дар шаҳри Кӯлоб аз оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, осорхонаи «2700-солагии Кӯлоб», бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ ва дигар ҷойҳои тамошобоби ин шаҳри бостонӣ дидан намудем.
   Субҳи 21-уми апрел ба ноҳияи Муъминобод сафари худро идома дода, ба интиҳои сафари худ мавзеи қадимаи водии Чилдухтарон расидем. Дар ин ҷо хаймаи сайёҳии аз донишгоҳ овардаамонро дуруст намудем. Дар ин ҷо низ бо ду нафар сайёҳи хориҷӣ зану шавҳар хонум Луиза аз ҷаноби Крис Зеленандияи нав шиносоӣ пайдо намудем. Онҳо ҳамроҳи тарҷумон ва фарзанди панҷсолаашон Бен ба хаймаи сайёҳии мо меҳмон шуданд ва ҳамроҳи мо тановули ғизо намуданд.
      Бегоҳӣ ба ноҳияи Данғара баргаштем. Дар ин сафари фаромӯшношуданӣ донишҷӯёнро роҳбари гурӯҳ Одинаев С.П., омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Ошурмамади Саркорӣ, мудри кабинети забонҳо Нурова Ш., методисти шуъбаи таълим Холова Н. хамроҳӣ намуданд. Аз чеҳраҳои мондашуда, вале болидаи донишҷӯён пай бурда мешуд, ки онҳо аз ин сафар ва умуман дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мавҷуд будани Клуби саёҳӣ хеле хушнуданд.
    Ба раёсати донишгоҳ, махсусан ба сарвари он доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон барои фароҳам овардани имконияти ташкил намудани чунин сафарҳои хотирмон изҳори миннатдорӣ баён менамоем.

Кафедраи забонҳо, Клуби сайёҳии ДДТХ.

     Рӯзи 19-уми апрели соли 2019 зиёда аз 30 нафар донишҷӯён ва 8 нафар омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои иштирок дар Конференсияи XIV байналмиллалии илмию амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино «Баҳси илмӣ: масъалаҳои мубрам, дастовардҳо ва навоварӣ дар тиб» сафарбар карда шуданд. Қайд кардан зарур аст, ки чунин конфренсияҳо тибқи анъана ҳамасола моҳи апрел дар тамоми макотиби олии ҷумҳурӣ баргузор карда мешаванд.
     Дар конфренсияи имсола зиёда аз 40 фишурда ва 8 маъруза аз ҷониби омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон пешниҳод карда шудааст. Бо камоли боварӣ гуфтан мумкин аст, ки иштирок дар чунин конференсияҳо ҳам барои олимони ҷавон ва ҳам донишҷӯёни лаёқатманди донишгоҳамон мактаби бузурги омӯзишу ҳосил намудани малакаҳои илмӣ хоҳад гашт.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

 

   18-уми апрел дар толори фарҳангии ДДТХ маҳфили тарбиявӣ бо номи “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” баргузор гардид.Дар он муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг - Усмонова У.Х., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим - Одинаев С.П., раиси Шӯрои занону духтарони донишгоҳ - Шарипова Ҳ. Я., муовини декани факултетҳо - Асоев С. П., раиси шуъбаи кор бо ҷавонон – Раҳимов Х. ва гурӯҳҳои донишҷӯёни соли аввал ширкат намуданд. Маҳфилро донишҷӯи соли сеюми факултети тиббӣ Ҳамроев М. оғоз намуда, оид ба қонуну қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумот дод. Донишҷӯён Юсуфзода Ҳ. ва Баҳодурова Т. презентатсияи худро оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо забони русӣ ва тоҷикӣ хеле дилнишину хотирмон муаррифӣ намуданд. Донишҷӯёни соли аввал Солиева С. ва Пулатова Ф. викторинаҳои шавқоварро оид ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои ҳозирин пешкаш намуданд.
   
    Аз сабаби рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагонии аҳолии кишвар, дар кӯчаву роҳҳои ҷумҳурӣ шумораи нақлиёти автомобилӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Бо афзудани теъдоди воситаҳои нақлиёт дар ҷомеа ҳалли якчанд масъалаҳои марбут ба ин самт ба миён омадааст,ки яке аз онҳо таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад. 

    Ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи мазкур сол аз сол аҳамияти махсуси иҷтимоию иқтисодӣ пайдо намуда истодааст. Муовинати тарбия ва фарҳанг дар оянда низ кӯшиш хоҳад кард,ки чунин маҳфилу чорабиниҳоро бештар баргузор намуда,барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани дониши донишҷӯён нақши муассир гузорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки мо - табибони ояндаи кишвар бояд ёрии аввалинро ҳангоми сар задани фалокатҳо расонида тавонем.

Муовинати тарбия ва фарҳанг

   Наш родной край - Таджикистан, обладая неотразимой природной красотой, особенно причудливыми горами, заставляет каждого восхищаться. Именно молодежь, как будущее этой нации имеет страстные желания познания красоты просторов, богатую историю своей нации.   К счастью нашего великого народа, Основатель  мира и национального единства- Лидер нации, Президент Республики Таджикистан, уважаемый Эмомали Рахмон объявил 2019-2021 годы «Годом развития туризма и народных ремесел». С целью выполнении указаний уважаемого Президента, также ознакомление студентов ХГМУ с самыми живописными местами родного края,  14-го апреля, рано утром состоялся культпоход  студентов 107 и 307 групп педиатрического факультета на территорию Балджувана.

  Следует отметить, что Балджуван славится богатой историей, первозданной природой, особенно горами, не оставляющие никого из посетителей равнодушным. Эти райские места снимая усталость, могут  очаровать глаза и душу человека. Во время туристического похода мы побывали в Дашти майдоне, Гирбасе и остановились  на живописной поляне Чорякорон, окруженной высокими горами, уникальной флорой, откуда открывались взору горные дали, поросшие деревья, сады  и кусты.

     Одним из интереснейших моментов был поход в горы, на пути которой мы посетили Калаи турк, Тионак, Хами бед и добрались до вершины гор, откуда было видно покрытые белым снегом горы Ховалинга, Муминабада и Дарваза. Студенты вместе с преподавателями, преодолевая горные высоты, собрали целебные травы и полевые цветы и получили много удовольствия.

     Покинув эти прекрасные места, каждый из нас думал снова  вернуться сюда, в этот уникальный уголок Таджикистана – рая на Земле.                                                      

Деканат факультетов

Подкатегории