БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
Санаи 26-уми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳайати меҳмонон нахуст намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳро тамошо намуда, ҳамзамон, аз синфхонаҳои намунавии “Анатомияи нормалӣ”, Физиологиия нормалӣ” ва “Гистология”, китобхонаи донишгоҳ, китобхонаи электронӣ ва Маркази омӯзиши симулятсионӣ дидан намуданд. Дар синфхонаи таълимии МОС донишҷӯёни фаъол ва аъзои маҳфилҳои илмӣ корҳои амалиро муаррифӣ ва пешниҳоди меҳмонон намуданд.
Сипас дар толори Шурои олимони донишгоҳ таҳти раёсати муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва Раиси Шурои ректорон Маҳмадшоҳ Гулзода ҷаласаи навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар он аъзои Шуро - ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзнома “Вазъи табодули академии омӯзгорону донишҷӯён Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар” директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷалилзода Абдурашид Абдукамол баромад намуд.
Масъалаи дуюм ба “Нақши Маркази омӯзиши симулятсионӣ дар баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи тиб дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” бахшида шуда, оид ба масъалаи мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Қурбон Убайдулло Абудлло маълумотро пешниҳод намуд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ 5 масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид вобаста ба “Вазъи амалишавии барномаҳои таҳсилотӣ дар доираи иҷозатнома ҷиҳати фаъолияти таълимӣ” ибрози андеша намуд.
Дар идома масъала ҳои “Тартиби омода намудани дипломҳои намунаи давлатӣ бо назардошти талаботи ҳуҷҷатгузории муосир”, “Амалисозии низоми таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, “Дипломи аъло дар низоми таҳсилоти кредитӣ” ва “Сатҳи омода намудани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва қаноатмандии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” аз ҷониби Раиси Шурои ректорон Маҳмадшоҳ Гулзода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хабарнигори сомона.
ИШТИРОКИ ДДТХ ДАР ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЛИБОСИ МИЛЛӢ -ОСОРИ ТАМАДУНИ ҶАҲОН”
Санаи 21-уми октябри соли 2024 дар баробари дигар идораву муассисаҳои воқеъ дар ноҳияи Данғара Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар Фестивали вилоятӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ -осори тамадуни ҷаҳон” фаъолона ширкат варзид.
Дар фестивали мазкур зиёда аз 100 нафар донишҷӯдухтарон бо либосҳои гуногуни миллӣ иштирок варзиданд ва ба ин васила дар муаррифии фарҳангу тамаддуни қадимаи миллат тоҷик ва либосҳои миллии тоҷикӣ саҳм гузоштанд.
Дар анҷоми Фестивали “Либоси миллӣ -осори тамадуни ҷаҳон” барои иштироки фаъолона дар фестивали мазкур Раёсати ДДТХ бо “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қадрдонӣ гардид.
Хабарнигори сомона.
ИШТИРОКИ ДОНИШГОҲ ДАР «ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҲУДУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН»
Санаи 16-уми октябри соли 2024 дастаи мунтахаби ДДТХ дар «Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни Муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди вилояти Хатлон» ширкат варзид.
Зикр бояд кард, ки фестивали мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастурҳо аз ҷаласаи васеи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо раисони вилоятҳо ва масъулини соҳаи варзиш доир гардида буд, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара баргузор гардид. Фестивал аз рӯи намуди «Гӯштини миллӣ», «Волейбол», «Футболи хурд» ва «Шоҳмот» гузаронида шуд. Ёдовар бояд гардид, ки дар фестивали мазкур аз 7 донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят дастаҳои мунтахаби варзишӣ иштирок карда, дар намудҳои зикргардида маҳорати варзишии худро санҷиданд.
Дар расми ифтитоҳи Фестивали бозиҳои варзишӣ муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат иштирок ва суханронӣ намуда, аҳаммияти ташкили чунин мусобиқаҳо дар мустаҳакам намудани дӯстии ҷавонон, пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлубро таъкид дошт.
Зикр бояд кард, ки дастаи мунтахаби ДДТХ дар ин мусобиқа фаъолона ширкат намуд. Аз рӯйи намуди «Шоҳмот» байни духтарон дастаи шоҳмотбозони донишгоҳ: Холиқова Шоҳина-донишҷӯйи курси 6-уми факултети педитарӣ, сазовори ҷойи якум, Зоирова Гуландом донишҷӯйи курси 4-уми факултети тиббӣ, сазовори ҷойи дуюм ва Миршаропова Оиса - донишҷӯйи курси 4-уми факултети стоматологӣ, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Аз рӯйи намуди «Шоҳмот» байни писарон низ дастаи шоҳмотбозони донишгоҳ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд. Ҷураев Элёр - донишҷӯйи курси 5-уми факултети тиббӣ, сазовори ҷойи якум, Атабоев Муҳамадалӣ - донишҷӯйи курси 6-уми факултети педиатрӣ, сазовори ҷойи дуюм ва Ғаффоров Кароматулло – донишҷӯйи курси сеюми факултети стоматологӣ, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Аз рӯйи намуди «Гуштини миллӣ» дар вазни 65 кг Назаров Хушдил – донишҷӯйи курси аввали факултети стоматологӣ сазовори ҷойи якум ва Махсумов Далерхон - донишҷӯйи курси аввали факултети стоматологӣ, дар вазни 55кг, Тағойқулов Камолиддин - донишҷӯйи курси сеюми факултети стоматологӣ дар вазни 86 кг, Мирмаҳмадов Эҳсон-донишҷӯйи курси чоруми факултети тиббӣ дар вазни аз 95 кг боло сазовори ҷойи сеюми мусобиқа гардиданд.
Дар риштаи “Футболи хурд” бошад, дастаи футболбозони ДДТХ љойи сеюмро ишғол намуданд. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо Ифтихорнома ва мукофтҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Мусобиқа дар фазои дустиву ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва сулҳу ваҳдати комили миллӣ баргузор ва ҷамъбаст гардид.
Кафедраи тибби ҳарбӣ,
Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТХ.
ИСТИҚБОЛ АЗ ҶАШНИ “РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ” ВА “РӮЗИ ОМӮЗГОР” ДАР ДОНИШГОҲ
Санаи 4-уми октябри соли 2024 дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба ҷашни «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи омӯзгор» маҷлиси тантанавӣ ва барномаи адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавиро муовини ректор оид илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Боронов Ҷ.А. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи омӯзгор» барои ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон қироат намуд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ як гуруҳ омӯзгорон бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ бахшида ба “Рӯзи омӯзгор» қадрдонӣ карда шуданд.
Барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ дар ҳамоҳангии кафедраи забонҳо ва кафедраи химияи тиббӣ ва экология зиннатбахши чорабинии мазкур гардида, рақсҳои марғуб ва сурудҳои дилнишин баҳри болидахотирии ҳозирин пешкаш гардиданд.
Дар фарҷом, муовини ректор оид илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. ба шуъбаи тарбия ва фарҳанг, дастаи ҳунарии донишгоҳ, кафедраи забонҳ, кафедраи химияи тиббӣ ва экология барои баргузории чунин барномаи адабӣ-мусиқӣ изҳори сипос намуда, бори дигар ҳозиринро бо ин ду ҷашни бузург табрик намуд.
Хабарнигори сомона.