Кӯмакҳо ба донишгоҳи навтаъсиси ДДТХ идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ДДТХ таъсис ёфт. Лозим ба қайд аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти таълимии донишгоҳ, дар марҳилаи аввал, донишгоҳ чун дигар муассисаҳои навтаъсис ба кӯмаку дасгириҳо ниёз дорад.
Боиси фараҳмандист, ки имрӯзҳо аз ҷониби баъзе шахсони хайрхоҳ ба Донишгоҳи навтаъсиси тиббӣ лавозимоту воситаҳои аёнии таълимӣ ворид гардида истодааст, ки ин боз ҳам барои пешрафту тараққии донишгоҳи номбурда созгор хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта аз тарафи устодони кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва баъзе шахсони воқеӣ ба донишгоҳ кӯмакҳо ворид гардида буд. Хушбахтона, имрӯзҳо бошад, ин кори хайр идома ёфта истода, ин навбат санаи 16- уми июни соли равон намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар ҳайати мушовири ректор - дотсент, Иззатуллоев К., мудири озмоишгоҳи физикаи умумӣ ва назариявӣ –Ғаниев Ш., муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ –Сайдалиев А. ба ДДТХ ташриф оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бо ташаббуси ректори ин донишгоҳ д.и.ф/м, Абдулло Ҳабибулло як қатор номгӯи воситаҳои аёнии таълимӣ ба ДДТХ, аз қабили таҷҳизоти озмоишӣ барои муҷаҳасозии кафедраи физикаи биологӣ бо асосҳои информатика, маводу препаратҳои химиявӣ барои кафедраҳои химия ва биология ҳамчун тӯҳфа пешниҳод гардид.
Раёсати донишгоҳ барои чунин дастгириҳо бевосита ба ректори ДДК, Абдулло Ҳабибулло ва тамоми коллективи ин даргоҳ изҳори сипосмандӣ менамояд.
Шуъбаи таҳлил, назорат вар обита ҷомеа
Ҳамкориҳо ва корҳои муолиҷавии ДДТХ бо БҶК дар ноҳияи Данғара вусъат меёбанд.
Written by ADMINДар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳои соҳаи тандурустиро идома дода, маблағгузории соҳаро дар соли 2015 нисбат ба соли гузашта даҳ фоиз зиёд пешбинӣ намудааст. Соли 2014 шароити инфрасохтори соҳаи тандурустӣ хеле беҳтар гардида, кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ тавсеа ёфтанд. Дар ин давра як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин барои пешгирӣ ва паст намудани шиддати бемориҳои сироятӣ, таъмини шаҳрвандон бо маводи босифати доруворӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва омода намудани мутахассисон як қатор тадбирҳои муассир амалӣ карда шуданд. Дар даврони истиқлолият барои рушди соҳаи тандурустӣ илова ба маблағҳои аз буҷет ҷудошуда 107 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб се миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Ҳоло дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар илова ба маблағҳои буҷетӣ татбиқи 38 лоиҳа ба маблағи 570 миллион сомонӣ идома дорад».
Оре, ҳамагон шоҳид ҳастанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯи кор омада истодааст. Давоми 25 соли соҳибистиқлолии кишварамон дар ҳудуди мамлакат теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони давлати абарқудрати шӯравӣ дастрас буданд, имрӯз таъминанд.
Ин омил замина фароҳам овард, ки дар муассисаҳои тиббии мамлакат як қатор амалиётҳои муосири ҷарроҳӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар робита ба ин дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли 2012 дар ноҳияи Данғара Беморхонаи ҷумҳуриявии клиниӣ таъсис ёфтааст, ки беморхонаи мазкур 22 марти соли 2014 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавӣ ифтиттоҳ ёфтааст. Сохтумон ва таҷҳизотҳои ин муассиса бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ҷавобгӯйи меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ буда, дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат мебошад ва дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонида метавонад. Дар ин муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон барои табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ тамоми шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст. Беморхона аз шуъбаю бахшҳои мухталифи соҳавӣ иборат буда, имрӯзҳо ба мардуми ниёзманд аз ҷониби табибони варзида бо сифати баланд кӯмаку хизматҳои тиббӣ, расонида мешавад.
Беморхона то ба имрӯз бо як қатор муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар, аз ҷумла, бо муассисаҳои тандурустии Федератсияи Россия, Белорус, Шветсария, Олмон ва дигар давлатҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки дар баробари таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда байни беморхона ва донишгох ва ҳамзамон ба роҳ мондани амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ дар ин беморхона, мутобиқи супориши шифоҳии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зери роҳбарии профессор Убайдулло Қурбон – ректори ДДТХ гуруҳи сайёр аз ҳисоби табибони ботаҷрибаи Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Беморхони клникии щаҳрии №5 аз 14 – ум феврали соли ҷорӣ ташкил шуда, барои иҷрои амалиётҳои ҷарроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, бо муваффақият фаъолият намуда истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки то имрӯз дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ҷарроҳиҳои реконструктивӣ ва барқарорсозӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шуда, дар ин давом 68 амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақият гузаронида шудааст. Чунончӣ, аз теъдоди умумии беморон 47 нафар бо нишондодҳои тиббӣ, 9 нафар бо нишондодҳои эстетикӣ ва 8 нафар бо нишондодҳои омехта бо ташхисҳои зерин амалиёти ҷарроҳӣ шудаанд; 35 нафар бо деформатсияҳои постравматикии бинӣ ва миёндевор, 5 нафар бо деформатсияҳои модарзодии бинӣ, 2 нафар бо бинии бузург (гигантоназия), 1 нафар деформатсияи пас аз ҷарроҳии скарии лаби боло, 7 нафар бо контрактураҳои пас аз сӯхтагии андомҳо, 1нафар бо скари кашандаи постравматикии ҷоғи поён аз тарафи рост ва бо дигар намудҳои ҷарроҳӣ.
Тибқи маълумоти табибони мазкур, қайд карда мешавад, ки дар марҳилаи пас аз ҷарроҳӣ дар тамоми ҳолатҳо оризаҳои хосу ғайрихоса ҷой надоштанд. Пас аз анҷоми ҷарроҳиҳои мазкур ҳамарӯза то ба 10 нафар эҳтиёҷмандон, ки минбаъд табобат ва ё ҷарроҳӣ мегарданд, аз тарафи аъзои гуруҳ маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Роҳбарияти донишгоҳ ба маъмурияти Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии Данғара, ба хусус сардухтури он номзади илмҳои тиб, Шамсзода Х, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб ба гуруҳи табибони микроҷарроҳ, ки онҳо дар навбати худ бо маҳорати касбиашон ба аҳолии ноҳияи Данғара ва дигар истиқоматкунандагони вилоят кӯмакҳои ройгон мерасонанд, изҳори миннаторӣ ва қаноатмандии хоса изҳор менамояд.
Дар воқеъ, ин тарзи ҳамкорӣ боиси дастгирӣ буда, кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар минбаъда низ доранд чунин таҷрибаҳои ҳамкориро бо беморхонаҳои вилояти Хатлон идома диҳанд.
Шуъбаи таҳлил, назорат
ва робита бо ҷомеаи ДДТХ
Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ дар н. Данғара
Шумо нуқсонҳои мавҷудаи узвҳои баданатонро бартараф кардан мехоҳед? Ва ё ба зебо гардонидани симои зоҳирии худ эҳтиёҷ доред?
Пас ба Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ дар н. Данғара муроҷиат намоед!
Мутахассисони шуъба барои ниёзмандон амалиётҳои зерини ҷарроҳиро бо сифати баланд ва нархҳои дастрас анҷом медиҳанд:
- реплантатсия (пайвандсозии андомҳои кандашуда) ва реваскуляризатсияи (барқарор кардани хунгардиш) сегментҳои кандашудаи андомҳо;
- барқарор кардани бандакҳои рагу асабии буридашуда;
- нигоҳ доштани сегментҳои калон ҳангоми травмаи вазнини андомҳо;
- аутотрансплантатсияи бофтаҳо;
- гузоштани фистулаи артерио-венозӣ барои гузаронидани гемодиализ;
- остеосинтези усухонҳои калони андомҳо ҳангоми шикасти устухон дар якҷоягӣ бо осеби рагҳои хунгузар ва ғайра;
- аутотрансплантатсияи (аз як мавзеъ ба мазеи дигар кӯчонидан) комплекси бофтаҳо;
- барқарор кардани бандаки рагу асаби андомҳо ҳангоми осеби пештар гирифтаи онҳо;
- гузоштани анастомозҳои тестикуло-илеакалии варидӣ ҳангоми бемории варикоселе;
- траспозитсияи (ҷойивазкунии) мушакиву тендонӣ ҳангоми осеби кӯҳнашудаи асабҳои андомҳо;
- бартараф кардани контрактураи скарии пас аз сӯхтани андом бо усулҳои пластикаи мавзеӣ;
- амалиётҳои реконструктивӣ ҳангоми контрактураи ишемикии Фолкман;
- реконструксияи тендонҳову мушакҳо ҳангоми дефектҳои постравматикӣ;
- бартараф кардани ҳернияҳои вентралӣ бо технологияи абдоминопластика.
- бартарафсозии нуқсони модарзодӣ ба мисли каҷгарданӣ;
- сохтани гӯшҳо;
- ислоҳи лабчокии модарзодӣ;
- резексияи шохаи дарунии асаби ҳалқии болоӣ дар беморони диққи нафас (астмаи бронхиалӣ);
- уретропластика ҳангоми эпи ва намудҳои гуногуни гипоспадия;
- бартарафсозии деформатсияи модарзодии узви таносули мардона;
- барқарорсозии найчаи бачадон ҳангоми ҳамли дохилинайчагӣ;
- рафъи часпишҳои пурра ва нопурраи пӯсти байни ангуштон ҳангоми синдактилия;
- бурида гирифтани холҳои калон ва невусҳои пигментӣ ва ғ.
Амалиёти эстетикӣ – ин истифодабарии усулҳои ҷарроҳии пластикӣ бо мақсади беҳтарсозии симои зоҳирӣ ва чеҳраи инсон аст. Ин амалҳо ба мардум имкон медиҳанд, ки аз баъзе мушкилоти вобаста ба саломатии худ раҳо шаванд ва то ҳадде шакли дилхоҳи зоҳирии худро дарёфт намоянд ва аз намуди зоҳирии худ розӣ бошанд. Ҷарроҳии эстетикӣ дар худ фарогири чунин амалиётҳост:
- Ҷавонсозии рӯй (фейслифтинг) ҳангоми пайдоиши ожангҳои синну солӣ;
- лифтинги мавзеи пешона;
- пластикаи пилкҳо (блефаропластикаи болоӣ ва поёнии пилки чашмон;
- пластикаи пилкҳо ҳангоми деформатсияҳои скарӣ ва дефектҳои посттравматикӣ;
- пластикаи бинӣ (ринопластикаи кушода ва пушида);
- пластикаи сӯфраи гуш (отопластика);
- пластикаи лабҳо (хейлопластика);
- пластикаи манаҳ (ментопластика);
- пластикаи мавзеи гардан;
- пластикаи шикам (абдоминопластика, липосаксия);
- бурида гирифтани ташкилаҳои хушсифати бадан (гемангиома,
фиброма, липома ва атерома);
- хурду калонсозии ғадуди шир (маммопластика);
- сохтани ғадуди шир пас аз амали ҷарроҳии мастэктомия;
- амалиёти шинонидан ва боло бардоштани абрувон;
- амалиёти шинонидани (трансплантатсия) мӯйи сар ба шахсони тоссар.
Ғайр аз амалҳои микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ дар ШМҶРП ҳамчунин амалҳои ҷарроҳии умумӣ аз қабилӣ ҷоғар (зоб), тамоми намудҳои чурраи навзодон ва калонсолон, эхинококкэктомия ва амалҳои ҷарроҳӣ дар рагҳои хунгард бо истифода аз техникаи претсизионӣ (истифодаи асбобҳои микроҷарроҳӣ, маводҳои дӯхти нозук ва калонкунии оптикӣ) иҷро карда мешаванд.
Ба ниёзмандони ин гуна хизматрасониҳо ҳамарӯза аз рӯзи душанбе то ҷумъа аз соати 16:00 то 17:30 ва рӯзи шанбе аз соати 09:00 то соати 12:00 аз тарафи доктори илмҳои тиб, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Убайдулло Қурбон муоина ва маслиҳатҳои тиббии ройгон дода мешавад.
Барои донишҷӯёни ниёзманди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.
АЗ ИМКОНИЯТҲОИ ШУЪБАИ МИКРОҶАРРОҲИИ РЕКОНСТРУКТИВӢ ВА ПЛАСТИКӢ САРИ ВАҚТ ИСТИФОДА БАРЕД!
Суроға: 734003; шаҳри Душанбе, шаҳраки тиббӣ, кӯчаи Санои 33.
Маркази Ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг. Ошёнаи дуюм.
Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ.
Телефонҳо барои тамос: 907-71-51-21; 907-76-92-29; 935-27-20-23.
Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
БЕҲТАРИН ДАСТПАРВАРОНИ МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТИИ НОХИЯИ ДАНҒАРА БА ДДТХ ДОХИЛ ШУДАНД
Соҳаи маориф, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати самти афзалиятноки сиёсати пешгирифта эътироф шудааст, ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта, ҷиҳати таъмини рушди бемайлони он бо ибтикори Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН иқдомоти зиёде ба сомон расидаанд. Яке аз роҳҳои вусъат бахшидани фаъолияти ин бахши муҳими ҷомеа бунёди мактабҳои замонавӣ дар сартосари кишвар маҳсуб меёбад, зеро ин омил чун такони ҷиддӣ ба тавсеаи самтҳои гуногуни хоҷагии халқ боис мешавад.
Яке аз чунин таълимгоҳҳо муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мебошад. Дар ҳақиқат, аз соли 2012 то инҷониб муассисаи таълимии номбурда хонандагони болаёқатро тарбия менамояд. Тавре маълум гардид, дар таълимгоҳ хонандагон бо се вақт хӯроки гарм таъмин карда шуда, меъёр ва сифати хӯрокаи хонандагон зери назорати қатъии маъмурияти мактаб қарор дорад. Машғулиятҳои асосӣ дар як баст аз рӯйи ҷадвали дарсӣ гузаронида, дар басти дуюм бошад, дарсҳои иловагӣ аз рӯйи ҷадвали тасдиқшуда, гузаронида мешавад. Оид ба ҳамаи фанҳои таълимӣ барои ҳар як омӯзгор маҳфилҳо ташкил карда шудааст. Маҳфилҳо ҳар рӯз дар асоси ҷадвал аз соати 1930 то 2030 гузаронида мешаванд. Дар семоҳаи соли ҷорӣ шогирдони мактаб дар озмунҳои вилоятӣ иштирок намуда, шаш нафар соҳиби медали тилло, ҳашт нафар медали нуқра, бисту се нафар соҳиби медали биринҷӣ гардида, як нафар ҷойи ифтихориро ишғол намудааст. Ногуфта намонад, ки алҳол, хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ҳафт ҷойи ифтихорӣ низ ба даст овардаанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки омӯзгорони ин даргоҳ соҳиби дониши баланд мебошанд. Аз шумораи 90 нафар хатмкунандагони мактаб, 38 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар ва 52 нафар ба макотиби олии кишвар дохил шудаанд. Заминаи моддӣ - техникиии ин муассиса дар сатҳи хуб қарор дошта, аз ҷумла, мактаб дорои 23 синфхонаи таълимӣ, 2 кабинети лингафонӣ, 2 кабинети технологияи иттилоотӣ, кабинетҳои математика, физика, химия, биология, география, китобхона ва толори китобхонӣ мебошад. Дар соли 2015-ум бошад, боз 3 синфхонаи забону адабиёти тоҷик, 2 синфхонаи математика ва 1 синфхонаи химия кушода шуда, бо ҷиҳозҳои таълимии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Лозим ба қайд аст, ки соли равон Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро имконият пайдо шуд, ки бо ҳайати омӯзгорони мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат шинос гарданд. Бо кӯмаку дастгириҳои директори муассисаи таълимии номбурда Абдуллоев Қ., Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тавонист имтиҳоноти нахустини дохилшавии довталабонро, ки рӯзҳои 02 –юми май ва 07 – уми майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, бомуваффаққият гузаронад. Боиси тазаккур аст, ки 16 нафар аз хатмкунандагони мактаби мазкур ба ДДТХ ҳуҷҷат супорида, аз ин 12 нафарашон имтиҳонҳои қабулро бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст намуда, сазовори номи донишҷӯи ДДТХ шудаанд. Чунончӣ, Қаюмов Сино аз имтиҳони тестӣ бо гирифтани 161 хол ва Ҷобири Қурбоналӣ 147 хол натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд.
Зимнан, маълум менамоем, ки дастпарварони ин мактаб, Ҷ. Қурбоналӣ ва Қаюмов С. иштирокчии фаъоли олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар солҳои 2015 ва 2016 буда, соҳиби медалҳои тилло аз фанҳои физика ва химия мебошанд.
Албатта, ба чунин дастовардҳои назаррас ноил шудани мактаби Президентӣ заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ мебошанд. Аз ин лихоз, Раёсати ДДТХ ба роҳбарият ва муҳасилини мактаби Президентӣ барои кӯмаку ҳамкориҳояшон ва тайёр намудани хонандагони болаёқат изҳори миннатдорӣ менамояд. Умедворем, ки натиҷаҳои назаррасӣ фаъолияти мактаби Президентӣ дар ноҳияи Данғара дар дигар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ гашта, барои омода намудани довталабони болаёқат барои ДДТХ дар оянда замина мегузоранд.
Саидова М. – мутахассиси шуъбаи таҳлил,
назорат ва робита бо ҷомеа