Корҳои ободони вусъат мегиранд...
Бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Данғара ва корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсия» - и ноҳияи Данғара корҳои аз нав обёрикунӣ ба биноҳои таълимию маишӣ ва оби корезӣ ба қитъаи заминҳо ба анҷом расонида шуд. Акнун биноҳои хобгоҳ ва таълимӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда щуд. Корҳои ободонию таъмирӣ, ки Раёсати донишгоҳ дар якҷоягӣ бо донишҷӯён дар давоми зиёда аз як моҳе тибқи нақша – чорабиниҳо ба роҳ монда буданд, айни замон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бояд қайд намуд, ки дар рӯзҳои шанбегӣ саҳми донишҷӯён аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва аз шаҳри Душанбе бештар ба назар мерасад. Дар маҷмуъ заминҳои ҳудуди донишгоҳ, ки беш аз 6 га – ро ташкил медиҳад имрӯз тозаю зебо гардидааст.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа
СУГВОРӢ
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар якҷоягӣ бо ҷамъи устодону кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имрӯз мотам доранд. Марги нобаҳангом яке аз устодони варзидаи чанд насли табибони мамлакат, табиби номӣ, олими соҳибном, омӯзгори мушфиқ, д.и.т., профессор Абдураҳмонов Муин Камолович субҳи 13 –уми августи соли 2016 бехабар аз байни мо рабуд.
Абдураҳмонов Муин Камолович 30 – юми ноябри соли 1933 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.
Соли 1951 ба Донишгоҳи тиббии харбии ш. Куйбышев дохил шуда, онро соли 1957 бомувафақият хатм кардааст. Фаъолияти менҳнатии Абдураҳмонов М.К. пурсамар буда, пас аз хатими ординатураи клиникӣ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор карда, то ба дараҷаи профессор дар дар ҳаимн кафедра меҳнат намудааст.
Тадқиқотҳои илмии Муин Камолович барои илм ва фаъолияти ҳамарӯзаи соҳаи акушерӣ ва гинекология аҳмияти калон доранд. Хизматҳои меҳнатии Абдураҳмонов М.К. бо ордени «Дустӣ» ва бо нишони Аълочии тандурустӣ қадрдонӣ гардидааст.
Бо боварӣ ва ифтихори баланд метавон гуфт, ки Абдураҳмонов М.К. дар давоми умри пурсамари хеш, рисолати инсонии худро дар назди халқу Ватан бо сарбаландӣ иҷро намуда, бо амалҳои неку хирадпешагӣ ва дуои хайри ҳазорҳо нафар ниёзмандоне, ки аз дасташ накӯӣ дидаанд, манзили охирати хешро пурнур гардонидааст.
Ҷои Муин Камолович дар қалбҳои мо ҳамкасбону шогирдонаш холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неку беғубори ин шахси саропо хираду фазилат дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд, зеро:
Сабти номи хеш андар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад
Руҳат шод ва манзилат обод бод, Муин Камоловичи азиз!
Шанбегиҳо бо маром идома доранд
Имрӯз дар якҷоягӣ кормандони раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни курси авали донишгоҳ, аниқтараш донишҷӯён аз ноҳияҳои Ёвон, Данғара ва Вахш субҳи барвақт ба ҳашари умумидонишгоҳӣ, баромаданд. Ёдовар карда мешавад, ки тибқи нақша – чорабиниҳо оид ба гузуронидани корҳои ободонӣ ва ташкил намудани шанбегиҳо аз 15 – уми июни соли ҷорӣ инҷониб дар донишгоҳ ин инқдом идома ёфта истодааст. Дар маҷмуъ бо қувваи ҳашарчиён имрӯз қитъаи бештар аз 2 га замин ба тамиз дароварда шуда, гиёҳу растниҳои бегона тоза карда шуд. Бо мақсади шиносоӣ аз корҳои ободоню таъмирии биноҳо ва дигар корҳои омодагии раёсат Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Н.Саид, Вазири молияи ҶТ Курбонзода А. ва Зувайдов М. сардори дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба донишгоҳ ташриф оварданд. Меҳмонон аз рафти корҳои омодагии донишгоҳ ба соли нави таҳсил изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин ҷиҳати боз ҳам вусъат додани корҳои ободонӣ ва дигар масоили донишгоҳ дастуру тавсияҳо доданд.
Довталабоне (хатмкунандагон), ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро соли 2015-2016 хатм намуда, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳуҷҷат супорида сазовори номи донишҷӯ шудаанд, расонида мешавад, ки шаҳодатномаи мактабӣ (АТТЕСТАТ) - и худро ба ДДТХ ҳатман оварда супоранд.
Муҳлат то 25.07.2016