Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Санаи 18 – уми августи соли равон  дар донишгоҳ ба муносибати рӯзи кормандони тиб ва зодрӯзи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати раёсати донишгоҳ, профессорону омӯзгорон ва 150 нафар донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ширкат варзиданд. Ҷамъомадро  муовини ректор оид ба таълим, д.и.х. Ғафуров Б ифтитоҳ бахшида,  дар мавзуи «Табиб ва рисолати табибӣ. Саҳми кормандони тиб дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон» сухан намуд. Дар охир  аз  номи Раёсати  ДДТХ   тамоми кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳуриро ба иди фархундаи касбӣ – Рӯзи кормандони тиб сидқан табрик ва муборакбод намуда, саҳми  табибони мамлакатро дар роҳи барпо намудани ҷомиаи солим ва ҳифзи саломатии мардум, инчуин  барои  дастовардҳои назарраси соҳа  табрик намуд.  

        Пас аз нисфирӯзӣ бо мақсади  корҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи дониш ва иштирок дар чорабиниҳои сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохурии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор   У. Қурбон  бо   ҳайати раёсат  ва бо донишҷӯён сурат гирифт. Зимни вохурӣ ректори донишгоҳ  ҳозиринро ба моҳияти паҳлӯҳои муҳим вобаста ба иштироки онҳо  дар маъракаҳо  шарҳ дода, ҳамзамон риояи тартибу низом ва таъмини донишҷӯёнро аз масъулин талаб намуд.                  

Деканати факултети тиббӣ            

Ҷаласаи нахустини Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои соли таҳсили 2016-2017

       Санаи 22-юми августи соли равон ҷаласаи нахустини Раёсати ДДТХ доир гардид. Дар ҷаласа 16 нафар аъзои маҷлис  иштирок доштанд.  Саравал  ректори донишгоҳ профессор У. Қурбон аъзои Раёсатро барои оғози фаъолияти корӣ дар ДДТХ табрик намуда, доир ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва  бо масъулияти ҷиддӣ оғоз бахшидани фаъолияти сохторҳо таъкид намуд. Сипас тибқи  фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи тайиноти кадрӣ дар сохторҳои Раёсати донишгоҳ шунида шуд.  Аз ҷумла, Маҳмадалиева С. - ба вазифаи  раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён, Усмонова У. - ба вазифаи раиси Шӯрои занон ва духтарон ва ба вазифаи котиби Шӯрои олимон Кузибоева Н. таъин шуданд. 

                  Дар асоси рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои   тасдиқ   нақшаи кории Раёсат барои соли тахсили 2016-2017, омодагии муовинати таълим ба соли таҳисли 2016-2017, маълумоти Комиссияи қабул  дар  соли таҳсили 2016-2017, омодагӣ ва иштирок дар чорабиниҳо вобаста ба гузоштани санги асоси ДДТХ, дарси Сулҳ ва як қатор масъалаҳои гуногун баррасӣ ва мухокима гардиданд.

      Доир ба масъалаи дуюм муовини ректор оид ба таълим Ғафуров Б.А. нисбати  рафти корҳои омодагӣ  дар кафедраҳо, шуъбаи таълим ва деканати факултетҳо, инчунин    нақшаҳо    ва барномаҳои таълимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.  Дар хусуси қабули довталабон котиби масъули комиссия  Ахмедов Ш.Р  маълумот дода,  аз ҷумла қайд намуд, ки Комиссияи қабули довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  раванди қабули довталабонро барои соли таҳсили 2016-2017  дар доираи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,   «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017» ва Низомномаи комиссияи қабул амалӣ намуд. Дар марҳилаи тайёрӣ ба маъракаи қабули довталабон  дар Раёсати  донишгоҳ Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба қабули довталабон ба Донишгоҳ тасдиқ карда шуд.   Ҳамзамон дар давраи то оғози қабули ҳуҷҷатҳо тибқи талаботи қоидаҳои қабули донишҷӯён корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дар  рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил  ба роҳ монда шуда буд.

Зикр гардид, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи 1.04.с.2016 шуруъ гардида то 30.06. соли равон идома дошт. Ба Комиссияи қабул   дар ин  давра ҳамагӣ 1633 нафар ҳуҷҷатҳои худро супориданд.  Дар маҷмуъ қайд гардид, ки натиҷаи ҷамъбастии имтиҳонҳо бо ворид намудани коэффисиентҳои барои ноҳияҳо муқарраршуда боис гардид, ки дар маҷмуъ 351 нафар довталаб сазовори номи баланди донишҷӯи курси 1-уми  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон гардиданд.

           Дар идомаи ҷаласа декани факултети тиббӣ Саидов И. доир ба масъалаи  омодагиҳо  ва иштироки донишҷӯёну кормандон  дар чорабиниҳо вобаста ба гузоштани санги асоси ДДТХ ва дарси Сулҳ гузориш дод.

             Дар ин ҷаласа аз ҷониби ректори донишгоҳ  оид ба  корҳои ободонӣ ва таъмирии донишгоҳ, тақсимоти хобгоҳ ба донишҷӯёни ниёзманд, вусъат бахшидани  фаъолияти Сомона, тайёрии  китобхона  ба соли хониш,  инчунин доир ба таҳияи барномаи вохӯрии донишҷӯён бо ректори донишгоҳ,  бахшида ба Рӯзи донишҷӯён   баррасӣ гашт. Дар асоси  масъалаҳои  дар ҷаласаи имрӯза матраҳшуда,  ба масъулини донишгоҳ як қатор дастурҳои мушахас дода шуд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

    Чи тавре ки маълум аст тайи рӯзҳои охир корҳои ободонӣ ва таъмирӣ дар биноҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маром идома ёфта истодааст. Лозим ба зикр аст, ки таъмири хобгоҳ рӯзҳои наздик ба анҷом расида, баъдан ба як теъдод донишҷӯёни ниёзманд манзили зист  муҳаё хоҳад гашт.  Бо қувваи кормандони раёсат ва донишҷӯён  тибқи нақша ҳамарӯза корҳои ободонӣ дар донишгоҳ идома ёфта, дар назар аст, ки биноҳои таълимӣ ва маишӣ то оғози  соли таҳсил барои ба фаъолит шурӯъ намудан  омода мегарданд. Дар баробари ин,  қайд кардан ба маврид аст, ки дар таърихи 10-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷиҳозонидани хобгоҳ бо лавозимоти маишӣ,  350 маҷмӯи  рахти хоб ва  курпаю рӯйпӯш  ворид гардид.  Аз ин фурсат истифода намуда, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  барои дасгириҳои пайваста ба Виазорати маориф ва илми ҶТ  миннатдории самимии худро  баён менамояд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Friday, 12 August 2016 00:00

Воридоти китобҳо...

Ба ДДТХ китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шуд.
Санаи 12-уми августи соли равон ба китобхони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлони аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 номгӯи китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили «Наҷотбахши миллат», «Фархундапай», «Маорифпарвар», «Бунёдкор», «Пайвандгар», «Шоҳроҳи сулҳофарӣ ва бунёдкории Президент», «Истиқлоияти Тоҷикистон», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», «Тоҷикон дар оинаи таърих» , «Парчами давлатии Тоҷикистон» ва ғайраҳо ба миқдори 340 адад ба таври ройгон ворид гардид.
Дар воқеъ, китоб ганҷинаи бебаҳоест, ки барои ҷаҳонбинӣ, хештаншиносӣ, ва пурра кардани дониши зеҳнию фикрии инсон кӯмаки аввалиндараҷа мерасонад.
Китобҳое, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштанд, ба донишгоҳи навбунёд ва донишҷӯёне, ки соли аввал ба курсии донишҷӯи менишинанд, дар васеъ гаштани тафаккуру ҷаҳонбинӣ, таҳкими меҳри ватандорӣ, зебопарастӣ, бунёдкорӣ, маорифпарварӣ, шинохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва донистани ҳуқуқҳояшон саҳми бузург хоҳад расонд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид