Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

30 –уми июли соли равон дар ҷаласаи ғайринавбатии    Раёсати  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тибқи фармоиши ректори донишгоҳ  бинобар сабаби ба синни нафақа расидан,  сардори шуъбаи кадрҳои ДДТХ -  Хидирова А.М.  аз вазифаи ишғол кардааш озод карда шуд. Ҳамзамон ба вазифаи сардори шуъбаи кадрҳои ДДТХ – Шоев Ҳ.Г. таъйин гардид.

          Қайд кардан ба маврид аст, ки  Хидирова А.М. зиёда аз 10 сол   сарвари шуъбаи кадрҳои  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва баъдан ин вазифаро аз моҳи марти соли 2016   дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки он соли равон  таъсис ёфт,  ба уҳда дошт.  Раёсати донишгоҳ  фаъолияти пурмаҳсул  ва  кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Алфира Мадаминовнаро ба инобат гирифта,   бо Ифтихорномаи ДДТХ ва туҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.     

    Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

   Ба Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон имрӯзҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳ кӯмакҳо ворид гардида истодааст. Ҳафтаи сипаришуда бо ташаббуси раиси шаҳри Қурғонтеппа, муҳтарам Амирулло Асадулло ба донишгоҳ беш аз 50 маҷмуи мизу курсиҳои талабагӣ тақдим карда шуд. Раёсати донишгоҳ барои нафароне, ки дар таҳким бахшии заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ аз рӯи имконот ва тавоноии хеш саҳми худро мегузоранд изҳори миннатдорӣ намуда, умедворем, ки бо ин амалҳои некашон исми онҳо дар саҳифаҳои таърихи донишгоҳи мо сабт хоҳанд шуд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

  Санаи 22 – юми июни соли равон ректори донишгоҳ профессор У. Қурбон ҳамроҳи муовинони ректор ва дигар шахсони масъул бо мақсади шинос шудан аз рафти корҳои таъмирии дар хобгоҳ, ки дар ҳафтаи ҷорӣ шуруъ шудааст, ташриф оварданд. Тибқи маълумоти пудратчии ЧДММ «Марва», ки барои гузаронидани корҳои таъмирии хобгоҳ масъул дониста шудаанд, пас аз таъмири бино барои бо ҷойи хоб таъмин намудани то 150 нафар донишҷў имконият пайдо хоҳад шуд.

       Зимни боздид аз рафти корҳои озодкунии биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ, ки алҳол Донишгоҳи давлатии Данғара дар он фаъолият намуда истодааст дидан намуда, бо намояндагони роҳбарияти донишгоҳи мазкур дар хусуси тезонидани корҳои супоридан ва қабули иншооти донишгоҳ гуфтугўи судманд гузаронида шуд. Ҳамзамон ректори донишгоҳ барои оғоз намудани корҳои ободонӣ ва гулу майсазор намудани гирду атрофи биноҳои донишгоҳ ва инчунин ташкил намудани шанбегиҳо ба масъулини донишгоҳ дастур дода шуд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Омодагиҳо барои шуруъ гаштани  соли нави таҳсил дар  донишгоҳ торафт авҷ мегиранд. Субҳи барвақт, рӯзи 4 – уми июли соли равон шумораи зиёди  донишҷӯёни ба тозагӣ  қабулшуда  ба донишгоҳ ва кормандони раёсат ба  ҳашари умумидонишгоҳӣ, ки бо мақсади ба тамиз овардани саҳни ҳавлӣ, гирду атрофи донишгоҳ ълон гардида буд, ҳозир гаштанд.  Дар давоми зиёда аз 4 соат донишҷӯёну кормандон, қитъаи бештар аз 3 га заминро ба тамиз дароварда, онро аз сангу шағал ва гиёҳу растниҳои бегона тоза намуданд. Гулу гулбуттаҳо, дарахтони сояафкану мевадиҳанда  ва  чаманзорҳо, ки  рӯзҳои охир аз беобӣ ҳоли ногувор доштанд бо об таъмин карда шуданд.  Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки корҳои  таъмирии хобгоҳ  аз ҷониби бригадаи   сохтмончиён бо маром пеш рафта истодааст.

Раёсати донишгоҳ ният дорад, ки  то оғози соли нави таҳсил  гирду атроф ва  саҳни биноҳоро тавассути чунин шанбегиҳо зебою назаррабо гардонад. 

 

 

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид